Академияи идоракунӣ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан талош дорад

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузарад ва дипломаш дар беш аз 30 давлати ҷаҳон пазируфта шавад.

Дар ин бора имрӯз, 30-юми июл зимни нишасти матбуотӣ Абдухалил Ғафурзода,  ректори Академия ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ректор, ҳоло дар Академия тамоми шароити таълим ва имконот мавҷуд аст. Зеро ба шогирдон 240 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд, ки аз онҳо 18 нафар доктори илм ва 61 нафар номзади илм мебошанд. Таҳсил дар Академия аз рӯи зинаҳои бакалавриат, магистратура ва маълумоти олии дуюм ба роҳ монда шудааст.

 Ректор дар бораи сарусадо атрофи он ки дар Академия хешовандонаш кору фаъолият доранд, бепоя хонд. “Дар атрофи мансаби ман ягон хешутабор фаъолият намекунанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар борҳо инро санҷиш кардаанд.  Бо  итминон мегӯям ва   раёсати кадрҳои Академия метавонад инро тасдиқ намояд. Зимнан, тамоми кормандони Академия дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Ман ҳеҷ гоҳ аз танқид намеҳаросам, баръакс хушҳол  ва пайи ислоҳ мешавам. Инчунин, омода ҳастам, ки ба дилҳоҳ саволи журналистон посух гӯям”, -гуфт ректор Абдухалил Ғафурзода.   

Ёдрас мешавем, ки  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии касбӣ дар таҷрибаомӯзии мутахассисони идоракунии давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ  низ нақши муассир дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *