Анвар Шукуров. Муваффақтарин тоҷикистонӣ дар илми муосири ҷаҳонӣ

Профессор Анвар Шукуров, ки писари академики равоншод Муҳаммадҷон Шакурӣ аст, яке аз олимони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Индекс Ҳирша-и ин донишманд ба 49 баробар аст.

Дар бораи ин олими тоҷик тасодуфан маълумот пайдо кардам. Вақте ки дар аспирантураи кафедраи физикаи кайҳони факултети физикаи Донишгоҳи ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Маскав таҳсил мекардаму дар бораи астрофизикҳои муваффақи Русия маълумот ҷустуҷӯ карда, дар қатори 100 самараноктарин астроном ному насаби тоҷикиро дидам, дар бораашон зиёдтар ҷустуҷӯ кардам.

Шукуров Анвар Муҳаммадович профессори ҳидродинамикаи астрофизикии Донишгоҳи Нюкасли Британияи Кабир ҳастанд.

Мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ шинохта нестанд ва ман зарур донистам, ки каме дар бораашон маълумот диҳам.

28-уми декабри соли 1952 дар шаҳри Душанбе дар оилаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дунё омадаанд. Дар Донишгоҳи ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Маскав аз рӯи ихтисоси физикаи назариявӣ таҳсил карда (1969–1975), таҳти роҳбарии олимони шинохта Я. Б. Зелдович ва А. А. Рузмайкин дар мавзӯи “Ташаккули ҳидрогени молекулавӣ дар Коиноти васеъшаванда” рисолаи дипломӣ навиштаанд. Рисолаи номзадиро баъди таҳсили аспирантура дар Пажӯҳишгоҳи астрономияи ба номи Штернберги Донишгоҳи ба номи М. В. Ломоносов (1978–1981) таҳти роҳбарии олимони номбурда дар мавзӯи “Тавлиди майдонҳои магнитӣ дар қурс (диск)-и Галактика” соли 1982 ҳимоя кардаанд. Соли 1993 дар Маркази астрокайҳонии Институти физикаи ба номи Лебедеви Академияи илмҳои Руссия дар мавзӯи “Тавлиди майдонҳои магнитӣ дар галактикаҳои спиралшакл” рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд.

Фаъолияти меҳнатиро ба сифати ходими хурди илмии Институти астрофизикаи АИ ҶШС Тоҷикистон шурӯъ карда (1975–1978), баъдан ҳамчун корманди илмии Пажӯҳишгоҳи математикаи татбиқии АИ ИҶШС (1975–1978), ходими хурди илмӣ ва ходими илмии Институти таҳқиқоти кайҳони АИ ИҶШС (1981–1989), ходими калони илмии Институти магнетизми Замин, ионосфера ва паҳншавии радиомавҷҳо (ИЗМИРАН, 1989–1992), ходими пешбари илмии Маркази таҳқиқотии ҳисоббарории Донишгоҳи ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Москва (1992–1996) фаъолият кардаанд. Аз соли 1996 то ҳол профессори Мактаби математика ва омори Донишгоҳи Нюкас мебошанд. Ҳамчунин тӯли солҳои гуногун дар Маркази байнидонишгоҳии астрономия ва астрофизикаи шаҳри Пумаи Ҳинд, Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқоти илмии Фаронса, Пажӯҳишгоҳи радиоастрономияи Макс Планки Олмон, Донишгоҳи Манчестери Британияи Кабир, Расадхонаи баландкӯҳии Маркази миллии таҳқиқоти атмосферии ИМА фаъолият кардаанд. Анвар Шукуров узви Ҷамъияти шоҳигарии астрономон, узви Ҷамъияти байналмиллалии астрономон ва узви консорсиуми LOFAR-UK мебошанд.

Анвар Шукуров дар самти майдонҳои магнитии галактикаҳои спиралшакл таҳқиқот анҷом дода, назарияи онҳоро коркард кардааст. Он кас дар бонуфузтарин маҷаллаҳои илмии олам, аз қабили “Nature”, “Astronomy and Astrophysics”, “Monthly Notices of the Royal Astronomical Society”, “The Astrophysical Journal”, “The Astrophysical Journal Letters”, “Physical review letters”, “Physical Review” ва даҳҳои дигар натиҷаҳои илмии худро ба нашр расондаанд. Мувофиқи додаҳои пойгоҳи Академия Google (Google Scholar) то имрӯз мақолаҳои Анвар Шукуров зиёда аз 9600 маротиба иқтибос шуда, индекси Ҳирша-и он кас ба 49 баробар аст, ки натиҷаи баланд мебошад. Аз байни тоҷиконе, ки ман медонам, танҳо индекси ду нафар аз 40 боло аст, яке Анвар Шукуров ва дигаре Махсуд Саидаминов (h-index 48).

Ризо Баҳромзод,

мутахассиси соҳаи физика ва астрономия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *