Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз баргардонидани Иброҳим Усмон то кумаки Асадулло Раҳмон

Мусоҳиба бо академик Саидмуҳаммад Одинаев

Донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будаму бо зарурате ба қабули ректор рафтам. Ҳаяҷон маро пахш карда буд, вале вақте академик Саидмуҳаммад Одинаев аз ҷой хеста, маро пешвоз гирифтанд ва чун меҳмони олиқадр таклифи нишастан намуда, аз мушкилам пурсон шуданд, тарс аз вуҷудам рафт. Дар ин мулоқот мутаваҷҷеҳ шудам, ки ректор дар роҳаткурсӣ не, балки дар курсии одӣ менишинад ва хеле инсони хоксору самимӣ аст…

…Инак, 14 сол сипарӣ шуд. Академик Саидмуҳаммад Одинаев, доктори илмҳои физика ва математика, собиқ ректори ду муассисаи олии бонуфуз — Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 78-сола шуданд. Ба муносибати зодрӯзашон хостам бо устод суҳбат кунам, вале эшон розӣ нашуданд.

-Ман худситоиро дӯст намедорам, хоҳиш мекунам, маҷбурам накунед, мусоҳибае лозим нест, — гуфтанд телефонӣ.

Вале бо вуҷуди ин пофишорӣ карда, эшонро ба суҳбат хондам. 

-Рости гап, то ин муддат бо ягон расона мусоҳиба наоростаам. Азбаски нашрияи “Тоҷикистон”-ро пайваста мехонам ва нисбати аҳли эҷоди он эҳтиром дорам, сухани шуморо ба замин нагузоштам. Суол диҳед, посух мегӯям, аммо тавсифи зиёд накунед… – ин ишораи устод оғози суҳбати мо шуд…  

Қадами аввал — баргардонидани устодон

-Шумо дар ду муассисаи олии бонуфуз – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба  номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳбар будед. Фаъолияти шуморо мураккаб, вале чашмрас арзёбӣ мекунанд. Баробари таъин шудан ба вазифаи ректорӣ корро аз чӣ оғоз мекардед?

-Дар ин донишгоҳҳои олӣ худро на ҳамчун ректор, балки хизматгори донишгоҳ меҳисобидам. Зеро ин донишгоҳҳо аз замони шӯравӣ то имрӯз дар ҷумҳурӣ мақоми аввалро соҳибанд. Аз ибтидо роҳбарони соҳибхираду соҳибфазл ин макотибро роҳбарӣ карда омада истодаанд. Бинобар ин, аз азал муассисаҳои номбурда ҳамчун маркази илму дониш эътибори худро нигоҳ доштаанд. Фаъолиятамро ба ҳайси  ректор соли 2001 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ  оғоз намудам. Бо ҳайати устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ чандон шинос набудам. Аммо маро ба таври демократӣ ва хуб қабул карданд. Зеро он замон дар донишгоҳ равшанфикрони зиёд фаъолият доштанд.  Профессорон Наим Ёқубов, Хисрав Ризоев, Маҳкам Аслонов, устодон Сарабек Шарифов, Маҳмадризо Додхудоев Шарофиддин Нуриддинов, Мелс Иноятов пайваста  ҳамкорӣ доштанд ва ақидаашонро барои пешрафти кор мегуфтанд.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон анъанаи хуб дошт. Устод Муҳаммад Осимӣ, ки аввалин ректори ин муассисаи олӣ буданд, фазои мусоиди кориро  муҳайё сохта буданд. Яъне, коллектив ба ҳам бисёр қарин  ва муттаҳид буданд. Ошкоро андешаҳояшонро дар Шӯроҳои олимон ва чорабиниҳои донишгоҳ изҳор медоштанд. Танқидро рӯирост мекарданд, ки бар манфиат буд. Албатта, дар ҷое кор ҳаст, норасоӣ низ вуҷуд дорад. Вале камбудиҳо  ба хотири рафъ гуфта мешуданд. Маслиҳати муфид ба хотири пешрафти кор буд. 

-Фаъолият дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чӣ гуна буд?  Мегӯянд, бисёр устодонеро, ки тарки донишгоҳ карда буданд, бо мушкилӣ дубора баргардонидаед. 

-Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият нисбатан осонтар буд. Чунки  дар ҳамин донишгоҳ хондам, ба камол расидам. Баъди хатм дар факултети физика фаъолиятро оғоз намудам. Бинобар ин, дар донишгоҳ обутоб ёфта, муҳити корро  хуб медонистам. Аксариятро бо илтимос ба донишгоҳ дубора овардам. Масалан, шумо, ки факултети журналистикаро хатм кардед, чандин устодони варзидаро бо илтиҷо ба ин ҷо овардам. Профессор Иброҳим Усмоновро даъват карда, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ ва  профессор Асадулло Саъдуллоевро оварда, мудири кафедраи телевизион ва радио таъин кардем. Профессор Мансур Бобохоновро баргардонида, роҳбари Маркази омӯзиши таърихи тамаддуни форсизабонони ҷаҳон мондем. Чунин шахсиятҳо зиёд буданд ва имрӯз  шогирдони онҳо дар риштаҳои гуногун фаъолияти пурсамар доранд. Умуман, пешрафти илм аз кадрҳои болаёқату чашмикордон вобаста аст. Ҳар иқдомро  дар машварат амалӣ мекардем, ки самараи хуб ба бор меовард.

Ман манӣ ва сазовор будан

-Замони донишҷӯӣ боре дар қабулатон будам. Дар курсии одӣ менишастед. Рӯзҳои муаяйни қабул надоштед. Чаро? 

-Рости гап, се сол дар курсии ректорӣ нанишастам. Як рӯз Наим Холович, собиқ ректор наздам даромада пурсид, чаро дар курсии ректор наменишинам? Гуфтам, ки вақте эътироф кунанд, баъд менишинам. Ӯ характери русӣ дошт, маҷбуран маро ба курсии ректор шинонд ва бо табассуми барои худаш хос гуфт, ки аллакай эътироф шудаӣ.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳам рӯзҳои қабул надоштем. Ҳамеша дари утоқ боз буд, бо муовинон корафтодагонро қабул мекардем. Ҳатто рӯзҳори истроҳат раёсат ба кор мебаромад.

-Шеваи роҳбарӣ ва муносибати шуморо ба академик Пӯлод Бобоҷонов, ки замоне ректор буданд, шабоҳат медиҳанд. Мегӯянд, омадурафти Пӯлод Бобоҷоновро касе намедид. Дуруст аст?

-Ҳар шахс рафтор ва одоби худро дорад. Аз хурдӣ ба ман устодон таълим медоданд, он чӣ онҳо мегуфтанду рафтор мекарданд, бароям  намуна ва пайравӣ буд. Рости гап, худро бо академик Пӯлод Бобоҷонов қиёс карда наметавонам, вале  ҳамкории  хуб доштем. Он касро ҳамчун  шахсияти бузург мешиносам, ки дирӯз ба синни 90 расиданд. Дар бораи роҳбарии худ чизе гуфта наметавонам. Бигзор, инро дигарон баҳо диҳанд. Шодравон декани факултети журналистика  Пайванди Гулмурод мақолае дар бораи хислати роҳбарон навишта буд. Чеҳраи ҳар як роҳбарро бозгӯ карда буд, ки бисёр таъсирбахш ва омӯзанда буд. Ман ҳам аз он дарси иборат гирифтаам. Медонед, рафтору кирдори шахс якбора пайдо намешавад. Рӯзгор, ҳамнишину ҳамнафас ва ҳампеша инсонро меомӯзонад, такомул мебахшад.

Ҳаёти онҳое, ки дар бахши физика ва математика нобиға ҳастанд,  омӯхтаам. Бузургтарин шахсиятҳо дар илми физика ва математика ҳамаашон хоксоранд. Эйнштейни бузург гуфтааст: “Беҳтарин хислати инсон ин аст, ки аз калимаи “Я” худдорӣ карда тавонад”. Яъне, ман-манӣ хоси инсонҳои  оқилу фозил ва хирадманд нест.

Китоби “100 нобиғаи гирандаи Ҷоизаи Нобел»-ро, ки тақрибан 10 сол пеш бо забони русӣ чоп шуда буд, мутолиа кардам. Рентген  аввалин шахсест, ки сазовори  Ҷоизаи Нобел шуда буд.  Бисёриҳо гумон доштанд, ки Рентген муҳандис аст. Аммо  ӯ олими бузурги физика  ва асосгузори нури рентгенӣ мебошад ва беш аз 50 мақолаи илмии ӯ имрӯз ҳар яке бахши алоҳидаи илми муосир аст. Ҳамсараш  Берта аз  амалдорони Британия буд. Рентген умрашро  шабу рӯз дар лаборатория мегузаронд.  Ӯ ҳаёташро ба илм бахшид. Дар натиҷа  8 ноябри соли 1895  нури рентгениро кашф намуд, вале табиаташ номаълум буд. Барои муайян кардани асрори ин нур зиёда аз ду моҳ бефосила дар лабаратория фаъолият намуд. Дар яке аз мушоҳидаҳояш дасти рости завҷаашро бо нигини никоҳӣ соятдаст гирифт. Ин  бозёфти илмӣ ва акси панҷаҳои Бертаро дар нур беш аз 100 маҷаллаи бонуфузи олам чоп карданд. Берта дар ҷавоб  инро  мукофоти Рентген барои худ донист. Зеро дар дунё ӯро бо ин шинохтанд.

Шартномаро не, буҷаро зиёд кардем

-Шумо дар шароите ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шудед, ки базаи моддӣ-техникии ин муассисаи олӣ чандон пурқувват набуд. Мизу курсиҳо куҳна буданд, ҷой барои нишаст намерасид… 

-Дар ҳақиқат, лавозимоти таълимӣ камтар буд. Буҷети яксолаи донишгоҳ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷудо мешуд, 2,5 миллион сомонӣ  ва маблағ аз ҳисоби шартномаи донишҷӯён бошад, наздики 15 миллион сомонӣ буд. То омадани ман ҳам сарварони донишгоҳ аз рӯи имконият ҳуҷраҳои компютерӣ таъсис додаанд, мизу курсиҳои нав харидорӣ кардаанд. Аммо ин кифоя намекард, зеро  бо талаби бозори меҳнат ихтисосҳои нав таъсис ёфта, теъдоди донишҷӯён рӯ ба афзоиш дошт. Баъд аз ду сол, яъне соли 2008 буҷети донишгоҳро Вазорати молия то ба 10 миллион сомонӣ расонд. Ҳамаи устодони донишгоҳ медонанд, дар донишгоҳ маблағи шартномаи ягон ихтисосро  баланд накардем. Ҳар чӣ буд, аз гузашта боқӣ монда буд. Ҳамаро нисбатан  ба тартиб даровардем. Маблағро сарфакорона истифода карда, ба навбат мизу курсиҳои куҳнаро ба  нав иваз намудем. Дар як факултети журналистика  ду марказро ифтитоҳ кардем. Яке аз ин студияи телевизион ва радиошунавонӣ аст. ТВ “Баҳористон” бо таҷҳизоти нав ба низоми нави пахши рақамӣ гузашт. Аз  Асадулло Раҳмон, ки хатмкардаи факултети журналистика ва раиси  Кумитаи телевизион  ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, хоҳиш кардам, ки  таҷҳизоти куҳнаи телевизионро  ба факултет диҳад. Ӯ розӣ шуд. Ҳуҷҷатгузорӣ  карда, ба факултет гузаронд. Боз синфохонаи электронӣ кушодем. Албатта, дар он замон мушкил буд, вале  барои рӯзноманигорони оянда ин хеле муҳим буд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 10 синфхонаи компютерии бо интернет пайвастро дар донишгоҳ кушодем. Ҳамаи ин хизмати бузурги устодони донишгоҳ аст. Барои беҳбуди донишгоҳ устодон маслиҳати худро дареғ намедоштанд. Якдигарро  дастгирӣ мекардем. Чандин маротиба ба назди муаллимаи шодравон, профессор Мукаррама Қосимова, ки замоне декан ва мудири кафедра буданд, рафта, маслиҳат мегирифтам.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Саидмуҳаммад Одинаев дар чорабинӣ бахшида ба 60-солагии ДМТ

— Мегӯянд як қисми хобгоҳи донишгоҳ дар Шаҳраки донишҷӯён ба шахсони алоҳида, бо маблағи ночиз фурӯхта шуда буд. Чӣ тавр онро дубора гирифтед?

— Хобгоҳи донишгоҳ  тавассути  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатии Тоҷикистон ба шахсони дигар  хусусӣ карда шуда буд. Барои гирифтани хобгоҳи донишгоҳ, ки нимсохт буд, баҳс доштем. Ба мақомоти шаҳри Душанбе мактуб навиштем, ки ин хобгоҳи донишгоҳ аст ва  ҳуҷҷатгузорӣ карда, ба тавозуни донишгоҳ гузаронанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев хобгоҳро ҳуҷҷатгузорӣ карда, сохтмонашро идома додем. Хобгоҳ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфт. Ҳоло ин бо хобгоҳи №6 маъруф аст, ки бахшида ба 60- солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Он аз нуҳ ошёна  ва се блоки истиқоматии хуштарҳ барои истиқомати донишҷӯён иборат аст. Инчунин, аз тарафи Ҳукумати кишвар наздики 2 миллион сомонӣ барои таъмири биноҳои таълимӣ  дар Шаҳраки донишҷӯён ҷудо гардид.

Ҳатто ошхонаи “Ориёно”-ро  шахсони алоҳида хусусӣ карда буданд. Мо онро дубора ба тавозуни донишгоҳ баргардонидем. Дар корҳои созандае, ки барои рушди донишгоҳ мекардем, дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  эҳсос мешуд.

-Шумо шоҳиди ду замон ҳастед: шӯравӣ ва имрӯз. Агар дар муқоиса гирем, вазъи омӯзиши илмҳои дақиқ чӣ гуна аст? Шуморо қаноатманд мекунад?

-Бо гузашти вақт ҳама соҳаҳо рушд меёбанд. Аммо то илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ  рушд наёбанд ва шахс ба умқи он фурӯ наравад, саноатикунонии кишвар натиҷа намеорад. Инҳо илмҳои бунёдӣ ҳастанд.

Низоми анъанавӣ хуб буд ва самар меовард. Тарафи мусбаташ бештар буд. Низоми классикӣ дар риштаи илмҳои дақиқ бояд бошад, зеро дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баъзе хусусиятҳои ин низом то ҳол боқӣ мондааст.

-Шумо аз соли 1994 узви Академияи илмҳои Ню-Йорк , инчунин, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2004) ҳастед. Ин узвият ба шумо чӣ медиҳад?

-Аслан аз ДМТ дар қатори ман чандин олимони дигари физика ва химия, аз ҷумла марҳум Тошбой Бобоев, Азимҷон Аминов аъзои Академияи илмҳои Ню — Йорк  шуда буданд. Он вақт аз тарафи Академияи номбурда баъди аъзо шудан, сертификат ва диплом дода мешуд.  Бисёриҳо дипломи ин академияро гирифтанд. Аммо ман натавонистам. Зеро солҳои вазнини баъди ҷанги шаҳрвандӣ буд, маош намегирифтем, имкони фиристодани маблағ барои аъзоҳаққӣ надоштам. Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ ҳам эътибори баланд дорад. Дар Тоҷикистон намояндагии худро дорад. Раёсати Академияи мазкур аз тамомои макотиби олии кишвар маро дар қатори дигарон  ба узвият шомил намуданд. Ин Академия кумаки худро ба рушди соҳаи маорифи кишвар ва таҳияи санадҳои соҳавӣ мерасонад.

Пайравӣ ба Муҳаммад Осимӣ

— Эйнштейн дар олами физика ва математика нобиға аст. Ба ӯ пайравӣ доред?

 -Ба онҳое, ки аз мактаби одаму одамгарӣ гузаштаанд, пайравӣ мекунам. Тамоми физикдонони дунё хоксор будаанд. Адабиёти ҷаҳонро зиёд мутолиа мекунам, ки дар байнашон шахсиятҳои  муътабар, хоксору заминӣ зиёданд. Дар ин авохир, китобҳои Робиндранат Такурро хондам… Ростӣ, ҳоло мо дар назди онҳо ҳеҷ касем.

-Пас, шахсият кист?

-Нафаре, ки дар ҷамъият эътибор дорад. Пеш аз ҳама, дониш дошта бошад. Мардум бо ахлоқи намунааш ӯро эҳтиром кунанд.  Он чӣ дар сират дорад, бояд дар сурат ҳам чунин бошад.

— Шахсияте, ки дар кору ҳаёт ба ӯ пайравӣ кардед, кист?

-Якум, дар Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ. Дар курси сеюм мехондам, устод Осимӣ  аз материализми диалектикӣ дарс мегуфтанд. Ҳарчанд дар вазифаи баланд фаъолият доштанд, аммо дарсшиканӣ намекарданд. Ин соли 1963 буд. Дуюм, академик Акобир Адҳамов, ки роҳбари илмиам буданд. Сеюм, Нодир  Ҳошимов, ки шахси ниҳоят хоксор ва олими физика буданд. Номбурда бародари хурдии Раҳим Ҳошим буданд. Ҳангоми дар Институти физика кор кардан, барои мо ин шахсон намунаи ибрат буданд. Тарбия ва инсондӯстиро аз ин шахсиятҳо омӯхтам. Дағал набуданд, самимӣ ҳарф мезаданд. Ҳар суханашон бори маънӣ мекашид. Дар касбашон содиқу дар маҳфилҳо ошкорбаён буданд. Пеш аз ҳама, пок буданд. Дониш доштанд, аммо ман-манӣ намекарданд. Тамоми хислатҳои неки инсониро дар худ доштанд.

-Инсон аз нигоҳи шумо кист?

-“Олим шудан осон, одам шудан мушкил”- гуфтаанд. Пеш аз ҳама, аввал инсон будан муҳимтар аст. Нафаре, ки рафтори нек, гуфтори нек, кирдори нек дошта бошад, он гоҳ инсони комил аст. Бо мардум будан, одоби намунавӣ доштан нишонаи инсон аст.

-Ҳаёти инсон дар рӯӣ замин ба хотири чист?

— Якум, ҳамчун инсон зиндагӣ карда тавонистан. Дуюм, ҳамчун инсон ба омма ва ҷамъият нафъ расонидан. Як шахс дар рӯи замин танҳо зиндагӣ карда наметавонад. Агар хоҳад, ки бо халқ зиндагӣ кунад, бояд халқ ӯро ҳамчун инсон эътироф намояд. Ҳаёт ва сохтани шахсият дар дасти худи инсон аст.

Мактаби устоду шогирд

-Шумо таҳти роҳбарии донишманди физика ва математика, академик Акобир Адҳамов рисолаи номзадӣ дифоъ кардед. Сахтгир буданд?

-Муаллим мудири кафедраи физикаи назариявӣ ва муовини ректори донишгоҳ оид ба илм буданд. Докториро дар шаҳри Маскав дифоъ карда, ба Душанбе омада буданд. Аввалин директори Институти физика ва техникаи ба номи Султон Умаров буданд, ки ман дар курси 5-ум мехондам. Роҳбарии  кори курсиамро устод бар зимма доштанд. Баъдан дар кафедра муҳокима карда, барои номзадӣ пешниҳод карданд. Таҳти роҳбарии  устод бомуваффақият ҳимоя кардам. Тадқиқотҳои илмии ман ба рушди назариявии молекулӣ-кинетикӣ, ҳодисаҳои интиқолӣ ва инчунин, таҳқиқи хосиятҳои чандирию акустикии моеъҳои классикӣ (сода, ионӣ ва магнитӣ), маҳлулҳои молекулавӣ ва электролитӣ ва саҳми равандҳои релаксатсияҳои сохторӣ дар онҳо бахшида шудаанд. Устод гуфтори нарм доштанд, шогирдонро дастгирӣ мекарданд.

-Чанд нафар таҳти роҳбарии шумо номзадӣ ва докторӣ ҳимоя карданд?

— Зери роҳбарии бевоситаи ман  7 рисолаи номзадӣ (Д.М.Ақдодов, Р.Маҳмадбегов, Ҳ. Идибекзода, А. Зарипов, Х. Мирзоаминов, И. Ҳоҷимаматов, А. Додарбеков) ва 2 рисолаи докторӣ (Қ.Комилов, Д.М.Ақдодов) дифоъ кардаанд.

-Саидмуҳаммад Одинаевич, имрӯз мо дар арафаи зодрӯзи шумо қарор дорем. Ҳоло ба чӣ кор машғулед?

-Ходими илмӣ ҳастам, ба институт рафта меоям. Ҳамзамон, дар хона ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мешавам. Ҳафтае як маротиба дар кафедраи физикаи назариявии донишгоҳ 4 соат дарс мегӯям. Дар донишгоҳ аъзои шӯрои ҳимоя ҳастам. Дар чорабиниҳо иштирок мекунам… Аз зиндагӣ шиква надорам…

Мусоҳиб

Усмон Раҳимзода

Маълумотнома

Фаъолияти илмии узви пайвастаи АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Саидмуҳаммад Одинаев дар кафедраи физикаи назариявӣ ба ҳайси ассистент оғоз шудааст. Солҳои 1971-1974 дар аспирантураи УДТ ба номи В.И.  Ленин таҳсил карда, соли 1983 рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Киев ва рисолаи докториашро соли 1995 ҳимоя кардааст. Солҳои 1999-2001 дар вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ ҶТ ва баъдан то соли 2005 ба ҳайси ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2005 то соли 2008 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ноиби президенти АМИ Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, кимиё, геология ва техникии АМИ Тоҷикистон (2010-2016) буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.