Cафи омӯзгорони унвондор дар ДДД меафзояд

Раёсат Донишгоҳи давлатии Данғара ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Тамоми  имконият дар донишгоҳ вуҷуд дорад, танҳо барои расидан ба мақсад аз донишҷӯён то устодонро зарур аст, ки талош кунанд. Дар назар аст, ки  моҳи сентябри соли 2021, 40 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дифоъ намоянд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Нуралӣ Шоҳиён, ректори ин муассисаи олӣ ба журналистон иттилоъ додааст.  

Профессор  Нуралӣ Шоҳиён таъкид кард, ки аллакай соли равон дар раванди татбиқи барномаи зудамали “Ҷаҳиши Паланг” 5 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд. Аз ҷумла 1 нафар рисолаи докторӣ ва 4 нафар рисолаи номзадиро дар равияи фанҳои табиӣ-риёзӣ, таърих, сиёсат ва ҳуқуқшиносӣ, инчунин, 7-нафар омӯзгорони соҳибкасби ДДД барои фаъолияти пурсамар, татбиқи барномаҳои рушди устувор, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми  Тоҷикистон бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.

Ба таъкиди ректор, раёсати донишгоҳ ба масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, омӯзгорӣ ва кору фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои навин ва дигар самтҳоро ба инобат гирифта, дар нақшаи таълимӣ маҷмӯи фанҳои нави таълимиро ҷойгир намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *