Дар Данғара ихтироъкорон бо ноутбук ва унвонҳои ифтихорӣ қадрдонӣ шуданд

Аз 5 то 17 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Данғара намоиши дастовардҳои зеҳнӣ, эҷодӣ ва инноватсионии донишҷӯён доир гардид.

 Ин намоиш дар ҳошияи амалисозии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои    солҳои 2020-2040 ва  эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» доир карда шуд.

Муҳаммад Шораҳимзода, ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара  иттилоъ дод, ки дар намоиш намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон,  ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ширкат варзида, бо дастовардҳои  зеҳнӣ, эҷодӣ ва инноватсионии донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳи мазкур аз наздик шинос  шуданд. 

  Ба донишҷӯëне, ки  дар намоишгоҳ иштироки фаъол доштанд, аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ноутбук, сертификат ва уновонҳои фахрӣ супорида шуданд. Сертификат имкон медиҳад, ки ихтироъкорони фаъол  дар вақти имтиҳонот баҳоҳои мусбат ба даст оранд.

“Баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-амалӣ барои расидан ба  муваффақияти умумии фанҳои табиатшиносӣ бештар мусоидат хоҳад кард.  Ба  хотири он ки донишҷӯён дар раванди таълим бештар ба ихтироъкорию навоварӣ дар  соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, махсусан,  биология, химия, физика, математика ва технологияи информатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара барои устодону донишҷӯён ҷоиза ва идрорпулӣ таъсис додааст. Аз ҷумла, 14 идрорпулӣ бо маблағи 300 сомонӣ ба донишҷӯёне дода мешавад, ки дар озмунҳои дохили факултет аз фанҳои математика, физика, химия, биология, информатика ғолиб мегарданд. Барои ҳар факултет 2 ҷоиза пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, барои 7 факултети донишгоҳ 7 ҷоиза таъсис дода шудааст, ки ҳар кадом 5000 сомониро фаро мегирад. Омӯзгороне, ки дар татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муваффақият ба даст меоранд, бо он мукофотонида мешаванд”,-иттилоъ дод Муҳаммад Шораҳимзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *