Дар Данғара донишҷӯён ихтирооти худро ба намоиш гузоштанд

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара дастовардҳои  зеҳнии донишҷӯён ба маърази тамошо гузошта шуд.  Ин намоишгоҳ дар ҳошияи солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардида, тамоми донишҷӯёни ихтироъкори факултетҳои Донишгоҳи давлатии Данғара иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот дар намоишгоҳ аз дастовард ва ихтирооти пешниҳоднамудани донишҷӯён  шинос шуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ бедор намудани завқи ихтироъкорон, омӯзиш ва табодули таҷриба мебошад. Дар ин росто, саҳм гирифтан дар тадбиқи  ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии босуръат аст. Гуфта шуд, ки  ғолибонро ҳайати ҳакамон муайян мекунанд ва онҳо бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд.

“Намоишгоҳи  дастовардҳои  зеҳнии донишҷӯён 7 декабр оғоз гардида, то  12 декабри соли 2020 идома меёбад. Он ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳои инноватсионӣ, ихтироот, ғояҳои (идея) нав ва эҷодиёт мусоидат менамояд. Ба дониҷӯëни фаъоли иштирокчи ин намоишгоҳ аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара сертификат оид ба пазируфтани истеъдодҳо супорида мешавад. Сертификати мазкур метавонад ба гирифтани баҳоҳои мусбӣ мусоидат намояд”,  -гуфт дар суҳбат бо Pressa.tj Муҳаммад Шораҳимзода, ёвари ректор, мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара.

 Ҳоло Донишгоҳи давлатии Данғара аз 7 факултет: идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳӣ, агробиология, стандартизатсия ва тибби бойторӣ, иқтисодиёти соҳавӣ ва менеҷменти инноватсионӣ, табиӣ-риёзӣ, педагогика ва рушди нерӯи инсонӣ, лингвистика ва муоширати байнифарҳангӣ, муҳандисӣ ва тенологияи муосири истеҳсолӣ, муносибатҳои иқтисодиёти байналмилалӣ ва сармоягузорӣ иборат мебошад. Дар донишгоҳ  аз рӯи ду зинаи таҳсилот: бакалавр ва магистр мутахассисон тайёр карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *