Дар Донишгоҳи миллӣ маоши устодон зиёд шуд

Маоши устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли равон боз боло рафт. Тавре аз раёсати ин таълимгоҳ ба Pressa.tj хабар доданд, ин тасмим 8-уми январ дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гирифта шуд.

“Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронӣ дастур дод, ки аз 1-уми январи соли 2021 музди меҳнати устодону кормандони донишгоҳ 10% аз маблағҳои махсуси донишгоҳ баланд бардошта шавад”,-гуфт манбаъ.

Инчунин, дар ҷаласа ректор таъкид намудааст, ки ба мақсади рушди сифати таҳсилот соли 2021 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Соли рушди сифати таҳсилот» эълон карда шавад. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва ба ин васила беҳтар намудани сифату самаранокии таълим дар донишгоҳ озмуни “Факултети сол”, “Кафедраи сол”, “Омӯзгори сол” ва “Донишҷӯи сол” таъсис дода шавад.

Дар идомаи ҷаласа ба устодоне, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ҳайси ҳакамон фаъолият намуданд, мукофотпулӣ ва ба донишҷӯён-иштирокчиёни озмуни мазкур “Ифтихорнома”-и ДМТ ва маблағҳои пулӣ дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *