Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дилафрӯз Саидӣ: Донишҷӯёни мо дар идоракунии донишкада нақш мегузоранд

Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо муосиртарин озмоишгоҳҳо таҷҳизонида шудааст. Донишҷўёни донишкада барои азхуд кардани  илмҳои муосир амалан бархурдоранд. Муҳимтар аз ҳама, донишҷўёни  донишкада дар идоракунии ин муассиаи олӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Ин нукта зимни нишасти матбуотӣ аз забони Дилафрўз Саидӣ, ректори  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ  садо дод.

Дилафрӯз Саидӣ иттилоъ дод, ки имрӯз дар дар сохтори донишкада 4 факултет, 12 кафедра, 4 марказ ва 8 шуъба амал менамоянд. Дар донишкада ба миқдори умумӣ: 167 синфхонаи таълимӣ, 36 озмоишгоҳи таълиму таҳқиқотӣ, 26 синфхонаи компютерӣ, 5 синфхонаи лингафонӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 технопарк, 3 толори маҷлисӣ, 3 китобхона, 3 қироатхона мавҷуд мебошанд.

Донишкада аз рӯйи 21 ихтисоси зинаи бакалавриат (5 ихтисос дар шуъбаи ғоибона (фосилавӣ) ва аз рӯйи 29 ихтисоси бакалавриатура таҳсилоти дуюм (фосилавӣ)), 18 ихтисоси зинаи магистратура, 9 ихтисоси зинаи докторантура (PhD), инчунин 13 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва барои парки технологӣ 10 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ фаъолиятро ба роҳ мондааст. Онҳо ихтисосҳои самтҳои технологияи иттилоотӣ, энергетика, сохтмон, нақлиёт, меъморӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, бофандагӣ, маҳсулоти хӯрока, агротехнология ва иқтисодиёт мебошанд.

Инчунин, дар рӯзи нишасти матбуотӣ ба таври мутантан ба 10 нафар хатмкунандагони зинаи бакалавр ва магистри донишкада дипломҳои аъло супорида шуд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj