Директори Гимназияи №4: Хонандаҳои мо дар рӯйи фарш намехонанд! (аудио)

Чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи нарасидани ҷой ва болои фарш таълим гирифтани хонандагон дар Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе баҳсҳо идома доранд.

Ҳоло ин мавзӯи доғ ба баҳси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Яке санги маломат мезанад, дигаре онро ҳодисаи марбут ба ин гимназия намедонад ва саввумӣ хомӯшӣ ихтиёр мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Назира Назарова, директори Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Pressa.tj иддаои дар болои фарш хондани хонандагонашро рад кард. Ӯ иброз дошт, ки аксу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишорёфта ба Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе дахл надоранд.

“Муасссаи мо навтаъсис аст ва дар он тамоми шароити таълим фароҳам мебошад. Синфхонаҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир дар хизмати хонандагонанд. Дар масъалаи ҷой ҳам мушкилӣ надорем. Меъёри дар як синф фаро гирифтани таълимгирандагон риоя мешавад”,- таъкид дошт директори Гимназия Назира Назарова.

Ёдовар мешавем, ки Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе калонтарин муассисаи нави таълимӣ дар пойтахт буда, он 1-уми сентябри соли 2021 бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, ин муассисаи боҳашаммати таълимӣ аз 9 бинои панҷ ва чорошёна иборат буда, ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтааст ва барои 2500 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Гимназия дорои 109 синфхонаи замонавӣ буда, барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон шароити заруриву мутобиқ ба талаботҳои сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ҷиҳати омӯхтани фанҳои дақиқ таълимгоҳ дорои лабораторияҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика ва табиатшиносӣ буда, барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун дар синфҳо аёниятҳои зарурӣ васлу насб гардидааст.

Таълиму тарбия дар Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии таълимӣ ба роҳ монда шуда, барои тарбияи дурусти хонандагон аз усулҳои муосиру аёниятҳои замонавӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, тамоми синфхонаҳои таълимӣ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ҳамчунин, синфхонаи компютерии гимназия 200 компютер дошта, барои хуб омӯхтани таҷҳизоти мазкур қисмҳои иловагӣ ва тахтаҳои электронӣ насб карда шудааст. Китобхонаи замонавии Гимназияи №4 бо адабиёти дарсӣ ва бадеӣ таъмин буда, барои хонандагон ҳамчунин толори алоҳидаи китобхонаи электронӣ ташкил гардидааст, ки ба ин васила толибилмон ба адабиёти ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо менамоянд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.