Директори мактаб вакили парлумон шуданист

Парвина Меликова, директори мактаби №8 шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи №2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ номзад ба вакили Парлумон пешниҳод гардид.

Номзадии Парвина Меликова дар Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи №2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешбарӣ шуд.

Дар кори конфренсия муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, Раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии №2 Комилҷон Шарипов ва вакилони Конференсия иштирок намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *