ДМТ соҳиби ду бинои нави таълимӣ шуд (аксҳо)

Имрӯз, 22 январ ба сардии шадиди ҳаво нигоҳ накарда, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ифтитоҳи бинои нави таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ин ду бинои нави таълимӣ дар мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён” ҷойгир аст.

“Иншооти мазкур аз ду қисми 7-ошёнагӣ иборат буда, дар он факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ҷойгир мебошад. Иншоот аз осорхона, 73 синфхонаи дарсӣ бо ғунҷоиши аз 14 то 50 ҷойи нишаст, 5 толори калони маҷлисӣ дорои 100 ҷойи нишаст, 4 кабинети лингофонӣ ҳар кадом дорои 16 ҷойи нишаст, 8 синфхонаи компютерӣ, озмоишгоҳи таълимии “1 С” барои омӯзиши нозукиҳои илми муҳосибӣ ва озмоишгоҳи инноватсионии технологияи муосири информатсионӣ иборат мебошад. Дар осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳ нигораҳои аслӣ, аз қабили ҳуҷҷатҳои донишҷӯии Сарвари давлат, аксҳо ва ашёи хониш бахшида ба овони донишҷӯии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар як қисми дигари он маводҳо оид ба саҳми Пешвои миллат дар рушди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷамъоварӣ гардидааст, ки бисёр ҷолиб аст”,- хабар медиҳад маркати матбуоти Президенти кишвар.

Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хотири ободу зебо гаштани мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён” ниҳол ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида, тадбирҳои чароғоннамоиро низ ба сомон расонида, мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён”-ро ба як гӯшаи ободу зебо ва нотакрори Тоҷикистон табдил додаанд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бонуфузи олии таълимии мамлакат ба шумор меравад.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 21 марти соли 1947 ҳамчун “Университети давлатии Тоҷикистон” таъсис ёфта, аз 28 октябри соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном кардааст.

Айни ҳол, Донишгоҳ дорои 19 факултет бо фарогирии 118 кафедра, Институти илмӣ — тадқиқотӣ, литсейи равияи табиӣ-риёзӣ, китобхонаи илмӣ, китобхонаи электронӣ, 103 озмоишгоҳи илмию таълимӣ, 14 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ, 10 маркази интернетӣ, 39 синфхонаи компютерӣ, 9 синфхонаи лингофонӣ, маркази биотехнологӣ, парки технологӣ, маркази омӯзиши забонҳо, Институти Конфутсий, маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон, маркази тестӣ, технологияи иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, курси тайёрӣ, 4 толори варзишӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ мебошад.

Дар 118 кафедраи донишгоҳ 1310 нафар устодон, аз ҷумла, 180 нафар доктори илм, 545 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шуда, фаъолият менамоянд.

Дар донишгоҳ 725 нафар устодони дорои унвони илмӣ фаъолият доранд, ки 55,3 фоизи онҳо кормандони асосии донишгоҳро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, дар донишгоҳ 13 нафар академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 12 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Имрӯз шумораи донишҷӯён дар донишгоҳ 25 ҳазору 746 нафар мебошад, ки аз онҳо 18 ҳазору 775 нафарро донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, 5538 нафарро донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаю таҳсилоти фосилавӣ ва 1433 нафарро магистрону докторантон ташкил медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *