Донишҷӯён метавонанд ба Русия сафар кунанд?

Сафорати Россия дар Тоҷикистон расман эълон кард, ки донишҷӯёни тоҷик, ки дар Россия таҳсил мекунанд, метавонанд дар ин кишвар ба таҳсил идома диҳанд.

Дар хабарномаи сафорат омадааст:

-Донишҷӯён ҳам бо хатсайрҳои доимӣ метавонанд ба Россия сафар кунанд ва ба таҳсилашон идома диҳанд. Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф ва илми Русия тартиби махсуси вуруди донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯёни Тоҷикистонро ба Россия ҷорӣ кардааст.

Донишҷӯёни тоҷик на дертар аз 10 рӯз бо почтаи электронӣ бояд муассисаи таълимиро аз санаи вуруд ба Россия огаҳ созанд. Пас аз ирсоли нома онҳо дар бораи тартиби вуруд маълумоти муфассал мегиранд.

Ба ҷуз гузаштан аз тест на дертар аз 3 рӯз то замини расидан ба Россия, донишҷӯёни тоҷик дар муддати 72 соати пас аз вуруд ба қаламрави Россия бояд боз ПЦР-тести иловагӣ супоранд.

То гирифтани натиҷаҳои ин тест донишҷӯён бояд дар макони иқомат реҷаи гӯшанишиниро риоя намоянд. Дар давраи гӯшанишинӣ таълим дар шакли фосилавӣ мегузарад. Шахсоне, ки аз тести такрорӣ намегузаранд, ба таҳсили рӯзона роҳ  дода намешаванд.

Зимни пайдо шудани саволҳои иловагӣ ба Маркази вазъиятии Вазорати маориф ва илми Россия бо телефони +7 (495) 198-00-00 ё бо почтаи электронии [email protected] муроҷиат кардан зарур аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *