Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зимни як рейтинг байни 31 муассисаи олии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи якум гардид.

Тавре ки ба Pressa.tj аз ин таълимгоҳи олӣ хабар доданд, рейтинги муассисаҳои таҳсилоти oлии касбии  Тоҷикистонро Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

Ҳамин тариқ,  миёни 31 муассисаи таълимии ҷумҳурӣ дар асоси  омӯзиши вазъи таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2020-2021 ба назар гирифта шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо касби 182 xoл сазовори ҷойи якум ва туҳфаи хотиравӣ гардид.

Мукофотро аз дасти Шоҳин Саидзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Абдулмуминзода, муовини якуми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Нақши ин муассисаи олӣ дар рушду такомули соҳаи илму маориф, тарбияи кадрҳои баландихтисоси кишвар муассир аст. Имрӯз дастпарварони он дар пешрафти Тоҷикистон, рушду такомули иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии он саҳми арзанда мегузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *