Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Довталаб 2020: Чӣ тавр ба мактаби олӣ дохил шавем?

Моҳрухсор, довталаб аз шаҳри Истаравшан ба Pressa.tj муроҷиат карда, гуфт, ки бо умед соли дароз барои супоридани имтиҳонҳо ва қабул шудан ба донишгоҳ омодагӣ медидам, вале хурӯҷи коронавирус нақшаҳои маро барбод дод. “Ҳоло ҳатто имтиҳони хатм насупурдаем. Ҳоло мо намедонем, ки имтиҳони қабул чӣ тавр сурат мегирад? Оё адолат риоя мешавад ё не? Вақти баргузории имтиҳонҳо кай маълум мешавад?”,-пепурсад хатмкунандаи мактаб.

Вазорат: Имтиҳони хатм доир мешавад

Дар робита ба саволи хатмкунандаи мактаби миёна мо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестӣ муроҷиат кардем.
Эҳсони Хушбахт, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки аз 15 то 24 моҳи июн дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар имтиҳони хатм баргузор мегардад.
“Бинобар сабаби хурӯҷи коронавирус дар кишвар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таътил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ тамдид кард. Барои хонандагон ва омӯзгорони мактабҳои миёна то 16 август таътили тобистона эълон карда шавад. Имтиҳони хатми синфҳои 9 ва 11 аз 15-уми то 24 июн баргузор мегардад. Баъди ин ба хатмкунандагон шаҳодатномаи хатм ё аттестат дода мешавад, ки таҳсили худро дар муассисаҳои олӣ идома диҳанд”-гуфт номбурда.
Эҳсони Хушбахт ҳамчунин, қайд кард, ки Вазорати маориф ва илми кишвар дар замони хурӯҷи пандемияи коронавирус ҳамаи чораҳоро меандешад ва ба хонандагону донишҷӯён ва устодон сабукиҳо пешбинӣ мекунад. Барои мисол донишҷӯёне, ки маблағи шартномаашонро насупорида, ба таътил баромаданд хориҷ карда намешаванд. Ё ин ки ягон муассисаи олӣ ҳақ надорад донишҷӯи беморро барои ҳозир нашудан дар имтиҳон хориҷ кунад, балки вақти супоридани имтиҳонро тағйир хоҳанд дод.

ММТ: Тағйирот нест, имтиҳон мешавад!

Бисёр хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имрӯзҳо мехоҳанд донанд, ки имсол, дар шароити пандемияи COVID-19 маъракаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба макотиби олӣ чӣ тавр сурат мегирад. Ба ин суол дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҷавоб доданд:
“Ҳоло дар раванди баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуние нашудааст.
Агар тағйироте шуд, ҳатман хабараш ба воситаи сомонаи ММТ ва васоити ахбори омма пахш мегардад.
Телефонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот: 224 53 66; 224 53 68”.
Ҳамчунин, аз Маркази миллии тестӣ доваталабонро ба оромӣ даъват мекунанд:
“Дӯстони арҷманд, дар ин замина лозим медонем, таъкид кунам, ки ҳоло то вақти баргузории имтиҳонҳо фурсат ҳаст, аз ин рӯ ба таҳлука наафтед! Қоидаҳои шахсӣ ва ҷамъиятии беҳдоштиро риоя намоед, саломатии худ ва наздиконатонро эҳтиёт намоед ва ба имтиҳонҳо омодагӣ бинед”.

Акнун, хатмкунандагонро мебояд, барои аттестатсияи хатм омодагии ҷиддӣ гиранд ва мактабро бо баҳои аъло хатм карда, барои шомил шудан ба макотиби олӣ омодагӣ бинанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.