ДССХ беш аз 150 000 сомониро ба кормандонаш дод

Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар ҳаҷми 400 сомонӣ ба ҳар як устоду кормандаш ҳамчун мукофотпулӣ тақдим кард.

Ин ташаббуси ректори донишкада Убайдулло Асрорзода бахшида ба  29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва дар ростои пандемияи коронавирус сурат гирифт. Мукофоти пулӣ ба ҳайати омӯзгорон ва кормандон ин таълимгоҳ  8-уми сентябр супорида шуд.  Дар ин бора ба Pressa.tj аз донишкадаи мазкур хабар дода, иброз доштанд, ки дар ин рӯз ҳамчунин, собиқадорони ин муассисаи олӣ бо Ифтихорнома ва мукофоти  молӣ қадрдонӣ гардиданд. Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло наздики 400 нафар дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат фаъолият доранд.

Ҳоло раёсати донишкада тасмим гирифтааст, ба ҳар муаллиме, ки рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад, 10 ҳазор сомонӣ ва ҳар номзаде, ки рисолаи докториашро ҳимоя мекунад, 20 ҳазор сомонӣ диҳад. Ҳадаф аз ин ҷалби устодон ба корҳои илмӣ-амалӣ ва бештар намудани сафи унвондорон аст.  Инчунин, ректори донишкада Убайдулло Асрорзода талош дорад, ки  ояндаи назди  факултети муштараки сайёҳии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россияро таъсис диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *