Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ДТТ ба номи академик Осимӣ мақоми байналмилалӣ гирифт

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ пазируфта шуд.

Дар ин хусус аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ, ректори Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Н.Э.Бауман А.А. Александров ба унвонии ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, профессор Қудрат Давлатзода  номаи шодбошӣ  бо замимаи шаҳодатномаи узвият равон карда шуд.

“Қабул шудани донишгоҳ ба ин ассотсиатсия имкон медиҳад, ки дар баробари рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ равобити байналмилалӣ бо муассисаҳои олии хориҷ аз кишвар тавсеа ёбанд”,- гуфт Шаҳриёр Саъдуллозода, муовини ректори ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ.

Ёдовар мешавем, ки  соли равон аз таъсиси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад  Осимӣ 65 сол пур мешавад. Донишгоҳи мазкур бо иқтидори бузурги кадрӣ ва моддию техникӣ дар самти омода кардани  кадрҳои муҳандисию техникӣ ва иқтисоддонҳои соҳавӣ мавқеи калидӣ дорад.  

Ҳоло дар ин муассисаи олӣ  аз рӯи самтҳои энергетика, технологияҳои инноватсионӣ, иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёту роҳсозӣ, иқтисодиёти соҳавӣ муҳандисон,  технологҳо ва менеҷерони соҳавӣ  омода карда мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.