Дар Душанбе мудирони маориф аз нав таъин шуданд

Ду мудири шуъбаи маориф дар шаҳри Душанбе дубора ба вазифаи худ таъин гардиданд. Фармоиши мудиронро Муҳаммадюсуф  Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон имзо гузоштааст.

Тавре ки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод, 16-уми марти соли равон  тибқи фармоиши  Имомзода Муҳаммадюсуф, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Муқаддас ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино ва Каримзода Матлуба ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур аз нав таъин гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *