Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

«Илм ва табиат»- телевизиони нави Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард

Дар  шаҳри Душанбе шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон- «Илм ва табиат» расман ба фаъолият оғоз  ёфт.

Дар маросими оғози кори шабакаи мазкур муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид, директори шабакаи навтаъсиси «Илм ва табиат» Зинатуллоҳ Исмоилзода, намояндагони сохторҳои давлатӣ, фарҳангиён ва донишмандон ширкат намуданд.

Гуфта мешавад, ки  тамоми барномаҳо ва филмҳое, ки дар ин шабака нашр мешаванд, ҳама ба забони тоҷикӣ буда, дастовардҳои олимони тоҷик, ҳамзамон табиату манзараҳои нотакрори мамлакатро инъикос менамоянд.  Аз ҷумла,  «Арса» дар мавриди навгониҳои илмии ҷаҳонӣ, «Арши илм» дар бораи нобиғаи илм, «Сайри кайҳон» дар мавриди кайҳон ва нуҷум, «Чор унсур», «Дар оғӯши табиат», «Парвезан», «Сайёраи умед», «Мададгор», «Теғи Сино» ва «Дар дили санг» барномаҳое ҳастанд, ки таҳия ва дар ин шабака нашр мешаванд.

Дар айни замон шабака 18 соати нашр дошта, қарор аст давоми сол ба 24 соат расонида шавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон 90 телевизион ва радиои давлативу хусусӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 13 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 33 телевизиони хусусӣ, 22 радиои хусусӣ ва 12 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.