Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Имтиёз ба муҳассилини ДТТ ба номи академик Осимӣ

Муҳассилини Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, ки дар озмуни «Илм-фурӯғи маърифат»  иштирок ва сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, аз маблағи таҳсил озод мешаванд.

Дар ин бора имрӯз, 22 июл ректори ин муассисаи олӣ Қудрат Давлатзода  ба хабарнигорон иттилоъ дод.

“Донишҷӯёну аспирантоне, ки  дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»  ё дигар олимпиадаҳои байналмилалӣ ғолиби ҷойҳои намоён мегаранд, аз пардохти маблағи шартномаи таҳсил озод карда мешаванд. Агар донишҷӯён дар курси 1-ум бошанд, имкон дорад, ки то хатми пурраи донишгоҳ бидуни пардохти пули шартнома таҳсилро идома диҳанд. Онҳое, ки дар гуруҳҳои буҷавӣ мехонанд ва ғолиби чунин озмунҳои сатҳи баланд мегарданд, бо туҳфаҳои пулӣ  қадрдонӣ мешаванд”,-гуфт ректор.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Илм-фурӯғи маърифат»  таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола баргузор карда мешавад. Ин озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.