Исмоилзода ба ҷойи Азизӣ таъин гардид

Баҳром Исмоилзода сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Муҳаммадӣ Азизиро иваз кард.

Муаррифии Исмоилзода имрӯз, 5-уми март бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва аҳли илму маорифи пойтахт баргузор шудааст.

 Баҳром Исмоилзода то ин мақом директори литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе фаъолият дошт, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 5-уми март бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод шуд.

 Ӯ ба сифати директори литсейи мазкур 6 сол инҷониб фаъолияти пусамар дошт. Шогирдони зиёди ӯ дар олимпиадаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.

Баҳром Исмоилзода хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ дар литсей баробари фаъолияти роҳбарӣ, ба шогирдон аз фанни математика дарс мегуфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *