Калонтарин муассисаи нави таълимӣ дар Душанбе ба истифода дода шуд (аксҳо)

1 – уми сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, муассисаи боҳашамати таълимӣ аз 9 бинои панҷ ва чорошёна иборат буда, ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтааст ва барои 2500 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Гимназия дорои 109 синфхонаи замонавӣ буда, барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон шароити заруриву мутобиқ ба талаботҳои сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ҷиҳати омӯхтани фанҳои дақиқ таълимгоҳ дорои лабараторияҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика ва табиатшиносӣ буда, барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун дар синфҳо аёниятҳои зарурӣ васлу насб гардидааст.

 Гуфта шуд, ки таълиму тарбия дар Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии таълимӣ ба роҳ монда шуда, барои тарбияи дурусти хонандагон аз усулҳои муосиру аёниятҳои замонавӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, тамоми синфхонаҳои таълимӣ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Бояд гуфт, ки омӯзгорону хонандагон барои кору таҳсил ба гимназияи мазкур танҳо дар асоси озмун қабул карда мешаванд.

Дар муассисаи таълимии нав таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи забономӯзӣ зоҳир гардида, синфхонаҳои алоҳидаи омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва хитоӣ ташкил гардидааст. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо усули лингафонӣ роҳандозӣ шуда, дар тамоми синфхонаҳое, ки барои забономӯзӣ пешбинӣ гардидааст, дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб гардидааст.

Ҳамчунин, синфхонаи компютерии гимназия 200 компютер дошта, барои хуб омӯхтани таҷҳизоти мазкур қисмҳои иловагӣ ва тахтаҳои электронӣ насб карда шудааст.

«Китобхонаи замонавии Гимназияи №4 бо адабиёти дарсӣ ва бадеӣ таъмин буда, барои хонандагон ҳамчунин толори алоҳидаи китобхонаи электронӣ ташкил гардидааст, ки ба ин васила толибилмон ба адабиёти ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо менамоянд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки ба хотири омӯзиши касбу ҳунар, дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат оид ба коркарди чӯб ва металл ташкил гардида, ҳамчунин духтарон дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз нозукиҳои дӯзандагӣ ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд. Айни замон дар таълимгоҳ фаъолияти маҳфилҳои драмавӣ, хореографӣ, омодасозии либосҳои замонавӣ, санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ низ роҳандозӣ гардидааст. Гимназия ҳамчунин дорои синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ, синфхонаи алоҳидаи омӯзиши шоҳмот, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи равоншиносӣ, як толори калони маҷлисӣ бо 460 ҷой, як толори хурди маҷлисӣ ва ошхона бо 590 нишастгоҳ мебошад.

Баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим, як толори калони варзишӣ, ду толори гимнастикӣ барои писарон ва духтарон бунёд ёфтааст. Дар ҳудуди муассиса ҳамчунин се майдонча барои бозиҳои гуногуни варзишӣ ташкил гардида, имконият медиҳад, ки дар ин ҷо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шавад.

«Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе аз лиҳози масоҳат ва фарогирии хонандагон калонтарин муассисаи таълимӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Пас аз ифтитоҳи таълимгоҳ Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳузури ҳайати омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф ва донишҷӯён суханронӣ намуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.