Марҳабо Ҷабборӣ ба синни пайғамбарӣ расид (аксҳо)

Имрӯз, 19 январ Марҳабо Ҷабборӣ, профессор, собиқ муовини Сарвазири Тоҷикистон ба синни Пайғамбар расид. Ӯ донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ буда, қаблан дар вазифаҳои ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва муоивини ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия фаъолият дошт.

Марҳабо Ҷабборӣ 19 январи соли 1958 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст. Номбурда соли 1980 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус бо дипломи аъло хатм кардааст. Доктори илмҳои филологӣ, профессор мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 ба сифати муаллими Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои муаллими кафедраи забони русӣ, аспирант, муаллими калон, дотсент, муовини декан оид ба тарбияи факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1996-2003 дар вазифаи дотсент, профессор, ноиби ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия оид ба илм ва то соли 2010 дар мансаби ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2010 -2013 раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Парлумони Тоҷикистон ва баъдан то соли 2016 муовини Сарвазири Тоҷикистон буд. Бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гардидааст. Марҳабо Ҷабборӣ оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст. Айни замон Марҳабо Ҷабборӣ профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *