Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Маркази миллии тестӣ озмуни тақсимоти такрорӣ доир менамояд

Аз 10 то 13 август дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора Хуршед Икромӣ, директори Маркази миллии тестӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки  интихоби дурусти худро ба роҳ монанд. Зеро дар давраи озмуни тақсимоти такрорӣ довталаб аз рӯи баллҳои ба дастовардааш ба гурӯҳи ихтисоси такрории интихобнамудааш номнавис карда мешавад. Марказ  ба довталабон имконият медиҳад, ки аз ихтисосҳои сеюм, чорум ва панҷум ба ихтисосҳои якум гузаранд. Зеро дар бештари ихтисосҳои якум ҷойҳои холӣ мавҷуд мебошанд»,-гуфт Икромӣ.

Хуршед Икромӣ гуфт, ки  «имсол тибқи тақсимот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ 86 фоиз ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ 51 фоиз нақшаи қабул иҷро гардид. Иҷрои нақшаи қабул аз интихоб вобастагӣ дорад. Агар довталаб он ихтисосро интихоб накунад, чи гуна онро пур карда метавонем?».

Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар ду марҳалаи бақайдгирӣ барои иштирок дар  ИМД соли равон дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфи 11‑ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамагӣ 100 398 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба соли 2019 5624 нафар ва нисбат ба соли 2018  4579 нафар зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфи 11-ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбии имсол номнависшуда 43365 нафарашон духтарон ва 57033 нафарашон писаронанд. Ҳарчанд аз ҷиҳати шумора духтарон имсол нисбат ба соли 2019 бештар бошанд ҳам, ҳиссаи духтарони азқайдгузашта имсол нисбат ба ҳамин нишондиҳанда дар соли 2019 2,06 фоиз кам мебошад.

Шумораи довталабони хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адокарда соли равон 804 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи ИМД дар соли 2019 70 нафар зиёд аст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.