Муҳаммадюсуф Имомзода: Маош,рухсатии меҳнатии омӯзгорон пардохт мешавад

Музди меҳнат ва иловапулиҳои кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар давраи муваққатан  боз доштани раванди таълим аз ҷойи кори асосӣ пардохт карда мешавад.

Дар ин бора 13 май фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо мақсади амалӣ намудани дастурҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19  ба тасвиб расидааст. Тибқи иттилои маркази матбуоти вазорати мазкур, вазири маориф фармоиш додааст, ки раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, новбаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ аз 27 апрели соли 2020 бо назардошти ҳолати баамаломада муваққатан боз дошта шавад.

«Музди меҳнат ва иловапулиҳои кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар давраи муваққатан  боз доштани раванди таълим аз ҷойи кори асоси пардохт карда шавад», — омадааст дар фармоиш.

Ҳамчунин, мутобиқи ин фармоиш, рухсатии меҳнатии навбатии омӯзгорон ва дигар корманони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ тибқи тартиби зайл амалӣ карда мешавад:

  • Кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии томактабӣ, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва омӯзгороне, ки дар аттестатсияи хатм иштирок намекунанд, аз 15 майи соли 2020 ба рухсатии меҳнатии навбатӣ фиристода мешаванд.
  • Омӯзгороне, ки дар аттестатсияи хатми синфҳои 9 ва 11 вобаста мебошанд, тибқи муқаррарот ба рухсатии навбатӣ фиристода мешаванд.
  • Кормандони маъмурӣ ва дигар кормандони хурди техникӣ мувофиқи тартиби ҷадвали рухсатиҳои меҳнатии тасдиқшудаи муассисаи таълимӣ ба рухсатии меҳнатии навбатӣ фиристода мешаванд.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода назорати иҷрои фармоиши мазкурро ба зиммаи муовинонаш Латофат Назирӣ ва Нуралӣ Собирзода вогузор кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *