Муҳассилини ДТТ дар Уфа идомаи таҳсил мекунанд

Байни  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ  ва Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфа шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар  заминаи ин санади ҳамкорӣ муҳассилини Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ  имкон доранд, ки таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфа идома диҳанд.  Дар ин бора ба Pressa.tj аз раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ,  Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва  муовини ректор оид ба рушди фаъолияти байналмилалии  Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфа Н.Т. Чанишев, сардори шуъбаи идоракунии ҳамкориҳои байналмилалӣ С.Ё. Урунов вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар рафти вохӯрии мазкур ҳамкориҳои тарафайни ҳар ду донишгоҳ ва дар оянда боз ҳам тавсеа бахшидани робитаҳои илмию таълимӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, байни ду муассисаи олӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

“Пас аз эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) таваҷҷуҳи муассисаҳои олии равияи техникӣ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бештар шуда истодааст. Мо ҳам кӯшиш менамоем, ки ҳамкориро бо дигар муассисаҳои олӣ тақвият бахшем, то дар оянда сатҳи омодасозии кадрҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯ бештар гардад”-гуфт Шаҳриёр Саъдуллозода, муовини ректор оид ба равобити байналмилалии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар суҳбат бо Pressa.tj.

Айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфа беш аз 160 нафар донишҷӯёни Тоҷикистон таҳсил менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *