Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нигаронии Собирзода аз заминфурӯшии мактабҳо

Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз фурӯхта шудани замини назди мактабҳо ва набудани шароит барои сохтмони бинои мактаб дар маҳаллаҳои нав изҳори нигаронӣ кард.

Номбурда, имрӯз, 23 октябр дар ҷаласаи вазорати маориф ва илм гуфт: «Дар шаҳру ноҳияҳо анъанае идома дорад, ки маҳаллаҳои нав бунёд меёбанд, хонаҳои истиқоматӣ сохта мешаванд, мутаассифона, барои сохтмони муассисаи таълимӣ қитъаи замин ҷудо намегардад. Дар натиҷа мебинем, ки хонандагон барои рафтан ба мактабе чандин киллометр роҳро тай мекунанд ва масъулин хомӯшанд”.

Бино ба гуфтаи Эҳсон Сафарзода, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Нуралӣ Собирзода таъкид дошт, ки “анъанаи дигар, ин фурӯхтани замини назди муассисаҳои таълимӣ ба соҳибкорон барои сохтмони мағозаю қаҳвахона ва ғайра мебошад…».

Нигаронии Нуралӣ Собирзода дар ҳолест, қаблан хабарнигори “Тоҷикистон” матлабе навишта буд, ки бо баҳонаи сохтмони бинои корӣ барои раиси маҳалла дар як қисмати замини мактаби рақами 14-и шаҳри Бохтар бунёди маркази савдо идома дорад. Вале масъулин инро рад карда, исбот кардан мехоҳанд, ки ин қитъаи замин танҳо барои ҳуҷраи раиси маҳалла пешбинӣ шудааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.