Нуралӣ Шоҳиён ғолибони олимпиадаро қадр кард

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара барои ба  даст овардани ғолибият дар олимпиадаи муассисаҳои олии Тоҷикистон соҳиби имтиёз гардиданд.

Тавре ки Муҳаммад Шораҳимзода, ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара иттилоъ дод, рӯзҳои 28-29 майи соли равон  дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври ҷумҳуриявии олимпиада миёна донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таҳти  унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз…” доир гардид.

Ин олимпиада дар пешорӯи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва соли таҳсили 2020-2021 аз рӯи 14 соҳаи фанҳои таълимӣ гузаронида шуд.

“Дар ин озмун дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии Данғара бо гирифтани 3 ҷои сеюм аз фанҳои таърихи халқи тоҷик, биология-экология, сиёсатшиносӣ ва 2 ҷои ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявиро бо грантҳои дохилидонишгоҳӣ қадрдони намуда, барои дар шуъбаи магистратура тариқи ройгон таҳсил намудан  имтиёзҳо муқаррар намуд”,-иттилоъ дод манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *