Нуралӣ Шоҳиён дар вазорати маориф мақоми нав гирифт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тағйирот ворид кард.

Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон Шоҳиён Нуралӣ Набот узви ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шуд. Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович бошад,  аз ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм  хориҷ карда шудааст. Ҳамидуллохон Фақеров охири соли гузашта аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод шуда, ба ҷои ӯ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат таъйин гардида буд.

 Шоҳиён Нуралӣ Набот аз соли 2016 то ҳол ректори Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад. То ин мақом ба сифати ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият дошт. Нуралӣ Шоҳиён хатмкардаи Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии Киев буда,  доктори илмҳои педагогӣ, профессор  мебошад.

Ӯро ҳайати устодони донишгоҳ ташаббускор ном мебаранд. Дар 5 соле, ки Нуралӣ Шоҳиён ректори Донишгоҳи давлатии Данғара аст, симои ин таълимгоҳ дигар шуда, ба як мавзеи ободу зебо табдил ёфт.

Дар асоси маълумоти дастраснамудаи сомонаи Pressa.tj, ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз 7 нафар: Муҳаммадюсуф Имомзода, вазир, муовинони ӯ Муҳаммаддовуд Саломиён, Диловар Қодирзода, Нуралӣ Собирзода, Латофат Назирӣ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Нуралӣ Шоҳиён, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара иборатанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *