Омӯзгори ДМТ соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гардид

Малика Раҳимова, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтирооташ дар соҳаи фарматсевтӣ соҳиби медали нуқра аз Куриёи Ҷанубӣ гардид.  

Тавре ки аз Талабшоҳ Иҳромов, сухангӯи ДМТ ба Pressa.tj хабар дод, Малика Раҳимова, муовини декан оид ба илми факултети фарматсевтии ин муассисаи олӣ буда, дар 14 – умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтирои бонувон «KIWIE – 2021» ва Форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар пойтахти Куриёи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул тариқи маҷозӣ иштирок намуд.

“ Ӯ дар ин ҳамоиши ҷаҳонӣ ихтирооташро дар мавриди «Маҷмуагиёҳҳои зидди диабетӣ» пешниҳод кард. Номбурда  барои ихтирооташ сазовори медали нуқра гардид. Ихтирооти ин бонуи донишманд дар ҷодаи илми фарматсевтӣ як ихтирооти тоза ва ҷавобгӯ ба талаботи соҳаи дорусозӣ мебошад”,- иттилоъ дод манбаъ.

28-уми сенятябри соли равон  ҷоизаи байналмилалиро ба Малика Раҳимова вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода супурдааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *