Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикдухтар $350 000 гирифта, шомили Донишгоҳи Стэнфорд шуд

Як зодаи Тоҷикистон бо номи Ҳосият Орипова барои таҳсил дар яке аз 3 мактабҳои олии беҳтарини дунё Донишгоҳи Стэнфорд 350 000 доллар гранти таълимӣ ба даст овард. Хосият 17 сол дорад ва дар ин муддат ғолиби чандин олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ буда, хатмкунандаи TajRupt мебошад.

Хабаргузории Аsia+ бо Хосият Орипова дар бораи таъсири оила дар расидан ба ҳадафҳо, лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва гирифтани унвони донишҷӯии Донишгоҳи Стэнфорд мусоҳиба орост.

Хосият Орипова гуфт, ки дар баробари қабул шуданаш ба Донишгоҳи Стэнфорд боз чанд мактаби олии дигари пурнуфуз, аз ҷумла Донишгоҳи Сиракюс ва Донишгоҳи Колумбия низ ӯро барои таҳсил даъват кардаанд.

 “Ман рӯзи 1 январ дархост додам ва рӯзи 8 апрел нома гирифтам, ки маро ба Стэнфорд қабул кардаанд. Гуфтанист, ки ман ба Донишгоҳи Сиракюз низ бо дарёфти гранти маблағаш 160 ҳазор доллар пазируфта шудам. Гузашта аз ин, маро барои мусоҳиба ба Донишгоҳи Колумбия ҳам даъват карданд. Ҳамчунин дар Донишгоҳи Ҷорҷтаун дар Қатар мусоҳиба доштам ва дар рӯйхатти довталабони Донишгоҳи Норсуэстерн дар Қатар роҳ ёфта будам. Иловатан, ба донишгоҳи Дюк, ки дар байни 15 мактаби олии аз ҳама боэътибори Амрико қарор дорад”, – нақл кардааст Хосият.

То кунун ба донишгоҳҳои муътабари дунё, назири Стэнфорд, Оксфорд, Кембриҷ, Итон, Ҳарвард, Принстон, Колумбия, Ҷорҷтаун аз Тоҷикистон теъдоди ангуштшуморе роҳ ёфтаанд.

Хосият мегӯяд, ҳама дастовардҳое, ки ба даст овардаам маҳз бо кӯмаку дастгириҳои аҳли оилаам ҳастанд. “Ман аз хурдӣ дастгирии оилаамро ҳис мекардам, ​​алалхусус аз бобову бибиямро. Бобоям нафарест, ки доимо ба ман илҳом мебахшад. Ӯ нафарест, ки омӯзишро пеш аз дигар корҳо мемонад. Ва ман бо бибиям бисёртар нозукиҳои услуби омӯзиши ғарбиро меомӯхтам. ”, – гуфтааст ин духтари тоҷик.

Ҳамчунин, дар идома аз кумаку дастгириҳои падару модар, амак, холаҳо ва хоҳараш, ки аввалин духтар аз Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ню Йорки Абу-Даби бо гранти 365 ҳазор доллар таҳсил мекунад, ёдовар шуда, миннатдорӣ кардааст.

Бояд гуфт, ки Азимҷон Азимӣ, муассиси TajRupt ҳам чанде пеш дар мусоҳиба бо Мубориз Усмонов яке аз сабабҳои муваффақ шуданашро дар дастгириҳои оила ва муҳайё кардани тамоми заруриятҳояш гуфта буд.

Аз нақли Хосият рушан мешавад, ки ӯ ҳанӯз аз 13-солагӣ ба TajRupt рафта, он ҷо аз ҷаҳонишавӣ ва фалсафа то либерализм ва таърихи санъатро омӯхтааст. Ӯ аз хурди ба омӯхтан, таҷриба кардан ва пеш рафтан машғул шуда, барои пешравии худу оилааш кӯшиш мекард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.