Вақте декани факултет ва шогирдонаш ба асардуздӣ машғуланд…

Бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намудан ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудааст. Мо бояд барои амалӣ намудани талаботи пешниҳоди мазкур тамоми имкониятҳоро истифода барем. Аммо мутассифона, солҳои охир сифати корҳои илмӣ паст рафта, плагиат ё дуздӣ афзоиш меёбад. 

Вақтҳои охир дар маводи конференсияҳои илмии дар ҷумҳурӣ баргузоргардида маърӯзаҳои сифаташон паст ба назар мерасад, инчунин, тадқиқоти дигаронро бо ному насаби худу шогирдонашон чоп мекунанд.

5-уми декабри соли 2020 дар «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами математика ва таълими он» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) ва 70-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор А.Э. Сатторов баргузор гардид ва дар 4 сексияи он муҳокима ва шунидани 199 маърӯза ба нақша гирифта шуда буд.

Ҷаласаи ифтитоҳии он бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, узви вобастаи АМИТ, профессор Давлатзода С.Х., оғоз гардид ва 4 маърӯзаи олимони маъруфи ҷумҳурӣ: академик Раҷабов Н.Р., профессор Комилиён Ф.С., Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, профессор Маҷидов Ҳ., профессор Нӯмонов М. шунида ва муҳокима гардиданд. Дар сексияи 3-юми конференсияи мазкур матни маърӯзаи Муродзода Ф.Р., Сайфуллоев Ш.Ф., Раҳимов А.М., Ҷонмаҳмадов З.Т. дар мавзӯи «Гармигузаронии маводҳои композитсионӣ дар асоси алюминий вобаста ба консентратсия ва ҳарорат» (маводи конференсия-сексияи №3, маърӯзаи №15, саҳифаи 347) чоп карда шудааст.  

Вақте ки бо ном ва матни ин маърӯза шинос гардидам, ҳуш аз сарам парид, ки он тадқиқоти ману шогирдам Аминов Ҷ. Б. – ро дар бар мегирад.

Унвонҷӯй Аминов Ҷ. Б., дар мавзӯи: «Хосиятҳои гармӣ- ва электрофизикии маводи карбону мисдори композитсионӣ дар асоси алюминий вобаста ба ҳарорат» 10-уми марти соли 2020 дар шӯрои диссертатсионии 6ДКОА-041 назди институти «Масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи номзадиро барои гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси: 01.04.14 – Физикаи гармӣ ва назарияи техникаи гармӣ дифоъ намуд.      

Доир ба мавзӯе, ки муаллифони дар боло қайдгардида моли худӣ қарор додаанд, ман бо ҳамроҳии Аминов Ҷ. Б., якчанд мақола чоп намудем.

Дуто мақолаи мо доир ба ин мавзӯъ дар Ахбороти шӯъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ, №1, соли 2020, саҳ. 89-96 бо номи: «Гармигузаронии маводҳои карбону мисдори композитсионӣ дар асоси алюминий вобаста ба ҳарорат», муаллифон: Ҳ. Маҷидов, Ҷ. Б. Аминов ва Паёми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, №6, соли 2012, саҳ. 72-77, дар мавзӯи: «Теплопроводность углеродмедьсодержащих композиционных материалов на основе алюминия в зависимости от температуры», муаллифон Маҷидов Ҳ., Аминов Ҷ.Б., ва Аминов Б.А., чоп гардидаанд.

Маълум гардид, ки муаллифи якуми маърӯзаи қайдгардида Муродзода Ф. Р., яке аз вазифаҳои пурмасъули Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав – декани факултети «Техника ва технология» — ро иҷро менамояд ва се нафар ҳаммаърӯзачиёни дигар – Сайфуллоев Ш.Ф., Рахимов А.М. ва Ҷонмаҳмадов З.Т. магистрони яке аз кафедраҳои ҳамин факултет мебошанд.    

Муродзода Ф.Р. ва шогирдонаш (роҳбарии рисолаҳои магистрии онҳоро Муродзода Ф.Р. ба ӯҳда дорад), маърӯзаи худро аз мақолаҳои мо дуздида, бе ягон шарму ҳаё бо ному насаби худ чоп намудаанд.

Шахсони номбурда маводи дуздидаашонро бесаводона бо ғалатҳои зиёди илмӣ ба чоп додаанд.  

Муаллифон барои сири дуздиашонро пинҳон кардан номи мақолаҳои ману шогирдам Аминов Ҷ.Б. – ро каме тағьир додаанд.

Муродзода Ф.Р. ва шогирдонаш ҷумлаҳои аввали маколаи моро тағйир додаанд. Мо навиштагӣ: «Маводҳои карбонумисдори композитсионӣ дар асоси алюминий татбиқи васеи амалӣ доранд». Муродзода Ф.Р. ва шогирдонаш навиштагӣ: «Маводҳои композитсионӣ дар соҳаҳои гуногуни техникаи истифода бурда мешаванд ва ҳаҷми истифодабарии онҳо сол аз сол тадриҷан меафзояд», (дар калимаи техникаи ҳарфи и – (охири калима) нолозим аст.

Мо навиштагӣ: «Аз ин маводҳо тамосҳои электрикии лағжандаи дар техникаи комапайванд истифодашаванда тайёр менамоянд, аз ин гуна тамосҳои электрикии лағжанда дар хатҳои троллейбус ба таври васеъ истифода мебаранд».

Муродзода Ф.Р. ва шогирдонаш навиштагӣ: «Мавоҳои композитсионӣ дар асоси миқдори гуногуни графит ва мису алюминий дар мошинаҳои коллекторӣ ва нақлиёти электрикӣ чун тамосҳои лағжанда ва дигар мақсадҳо ба таври васеъ истифода бурда мешаванд».  

Мо навиштагӣ: «Барои ченкунии гармигузаронии маводҳои композитсионӣ дар асоси алюминий вобаста ба ҳарорат дастгоҳи таҷрибавии намуди ИТ-λ-400 [1], (муаллифаш Платунов Е.С.), ки ба методи гармкунии монотонӣ асос карда шудааст, истифода бурда шуд».

Муродзода Ф.Р. ва шогирдонаш навиштагӣ: «Барои тадқиқи коэффитсиенти гармигузаронии маводҳои тадқиқотӣ асбоби ИТ-λ-400 [3] (муаллиф Платунов Е.С.), ки бо усули гармкунии монотонӣ асос карда шудааст ва аз тарафи профессор Платунов Е.С. ва шогирдонаш коркард шудааст, ки дар заводи актюбинский барориш ёфтааст, мавриди истифода қарор дода шуд».

Дар маърӯзаи дуздиашон Муродзода Ф.Р. ва шогирдонаш ғалатҳои зиёд эҷод кардаанд. Масалан, дар формулаи ҳисобкунии коэффитсиенти гармигузаронӣ λ=h/P_o   (h — баландии маводи тадқиқотӣ, мм), (Po — муқовимати ҳароратӣ бо Вт), мебошад. Аввал ин ки дар СИ (Системаи байналхалқии воҳидҳо) баланди бо (мм) ва воҳиди муқовимати ҳароратӣ бо (Вт) ифода намеёбанд. Агар ин воҳидҳоро истифода барем воҳиди гармигузаронӣ Вт/(м•К) ҳосил намегардад. Барои дуздони кори илмӣ мефаҳмонем, ки дар СИ баланди бо м (метр) ва муқовимати ҳароратӣ бо м2•К/Вт чен карда мешаванд.

Ба воҳидҳои бузургиҳои ченшаванда сарфаҳм нарафтани муаллифони дузд шаҳодат медиҳад, ки онҳо доир ба муайян кардани хосияти гармофизикии моддаҳо, аз он ҷумла гармигузаронӣ тасаввуроте надоранд.

Расмҳои 1 ва 2 ва ҷадвали 1-и маърӯзаи дуздӣ пурра аз мақолаҳои дар боло номбар кардаи мо кӯчонида шудаанд.

Муаллифони дузд аз иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тарзи истифодаи адабиёт фарсахҳо дуранд.

Дар охири маърӯзаи дуздидашуда 5 адабиёт нишон дода шудааст. Дар матни маърӯза бошад танҳо ба адабиёти 3-юм ишора карда шудаасту халос. Ин шаҳодати он аст, ки дуздони кори илмӣ доир ба иҷрои кори илмӣ-тадқиқотӣ таҷрибаи зарурӣ надоранд.

Ҳамин тавр, маълум гардид, ки дар ҳақиқат ҳам Муродзода Файзиддин аз аввали фаъолияти худ дар иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ диққати зарурӣ надодааст ва мустақилона дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани корҳои илмӣ-тадқиқотиро то имрӯз давом дода истодааст.

Агар декани факултети техника ва технология, дотсент Муродзода Ф.Р. корҳои илмӣ-тадқиқотии анҷомдодаи худро мустақилона иҷро мекард, ӯ имрӯз иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотиро доир ба тематикаи рисолаи номзадиаш давом медоду ба асардуздӣ роҳ намедод.

Аз рафтори ғайрипедагогӣ ва ғайриилмии Муродзода Ф.Р. дар ҳайрат мондам, ки чунин шахс вазифаи пурмасъулият-декании яке аз факултетҳои бонуфузи муассисаи олӣ- Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро иҷро карда истодааст. Тарбияи коллективи калони устодону донишҷӯён ба зиммаи ӯ вогузор шудааст.

Рафтори Муродзода Ф.Р. ниҳоят ташвишовар аст. Ӯ маро хеле хуб мешиносаду дидаю дониста кори илмии ману шогирдамро моли худу шогирдонаш гардондан мехоҳад. Ин рафтори Муродзода Ф.Р. – ро дараҷаи баланди беодобӣ, беҳурматӣ, каҷрафторӣ меҳисобам.

Ҳоло Муродзода Ф.Р. дар айни камолот аст ва ман ба ӯ тавсия медиҳам, ки иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотии худро доир ба ягон соҳаи муайяни илми физика ба роҳ монаду бо заҳмат кори илмӣ-тадқиқотӣ иҷро кунаду дигар ба дуздии корҳои илмии дигарон роҳ надиҳад.

Ҳамид Маҷидов,

Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, академики Академияи муҳандисии  байналхалқӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *