Вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода бо Мишел Тарран

20-уми апрели соли равон Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мишел Тарран – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба соҳаҳои маориф ва илми ҳарду кишвар ва ҳамкориҳо дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илм иброз дошт, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони фаронсавӣ рӯз аз рӯз меафзояд ва айни ҳол ҳудудан дар 200 муассисаи таълимии зинаҳои гуногуни таҳсилот ин забон дар доираи барномаҳои таълимӣ ба таълимгирандагон омӯзонида мешавад.

-Вазорати маориф ва илм омода аст, ки риштаи ҳамкориҳо дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ дар Тоҷикистонро дар якҷоягӣ бо Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон тақвият бахшад ва дар ин замина робитаҳои мустақими миёни донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистону Фаронсаро ба роҳ монад. Мушкилоте, ки дар ин самт ҷой доранд, нарасидани адабиёти таълимӣ барои фаро гирифтани забони фаронсавӣ ва нисбатан кам будани омӯзгорон аст, ки умед аст, дар раванди ҳамкориҳои минбаъдаи мо бо сафорат ин масъалаҳо ҳалли худро меёбанд,-афзуд вазир.

Мишел Тарран – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон гуфт, ки сафорат аллакай бо барномаи қаблан омодашуда барои ин ҳадафҳо иқдом гирифтааст ва барои омӯзиши вазъият аз як қатор донишгоҳҳои кишвар ҳам дидан кардааст. Феълан барои дар амал татбиқ намудани нақшаву барномаҳои мавҷуда мунтазири ризоияти расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мебошанд.

Мавсуф аз пешниҳодоти вазири маориф ва илми кишвар дар мавриди ба роҳ мондани робитаи бевоситаи донишгоҳҳои давлатҳо, тавсеаи доираи омӯзиши забони фаронсавӣ дар Тоҷикистон, ҳалли масъалаи норасоии адабиёти таълимӣ ва таъмини кадрҳои баландихтисоси омӯзиши забони фаронсавӣ барои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон истиқбол намуд ва гуфт, ки барои мусоидат дар самти ҳалли ин масоил чораандешӣ менамояд.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки вохӯрии мазкур оғози нави робитаҳои илмиву маърифатӣ миёни кишварҳост ва бо умедворӣ афзуданд, ки пас аз ин мулоқот барои мардуми Тоҷикистону Фаронса корҳои мутақобилан судмандро анҷом хоҳанд дод.

Суннатуллоҳи Мирзо,

мутахассиси Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *