Мардҳои Афғонистон фомили занона мегиранд?
Нашрияи иттилооти рӯзи чопи Кобул навиштааст, ки раиси идораи миллии омору иттилооти Афғонистон Аҳмад Ҷовид Расулӣ гуфта аст, ки дар посух ба дархости фаъолони зан барои ворид кардани номи модар дар гувоҳии тобеъияту шиноснома , бархе маводи қонуни сабти аҳволи нуфуси ин кишвар ислоҳ мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садоии Хуросон.
Бино бар иттилои манбаъ, пеш аз ин шуморе аз фаъолони зан дар Афғонистон бо роҳандозии пӯиш (кампин) “#номам_куҷост?”, хостори дарҷи номи модар дар шаҳодатномаи таваллуди фарзандон шуда буданд.
Гуфта шудааст, ки ин кампин, ки панҷ соли пеш роҳандозӣ шуда буд июли имсол ба маҷлиси намояндагони Афғонистон кашида шуд ва намояндагони порлумон низ эълом карданд, ки барои эҳтиром гузоштан ба хости занони кишвар ва барои эҳёии ҳувияти онҳо мавзӯро баррасӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ