Марди маст се нафарро кушт
Тибқи иттилои ВКД минтақавӣ, ҳамлагар аллакай боздошт шудааст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҳангоми боздошт маъмурони пулис оташ кушодаанд
Ин субҳ дар натиҷаи ҳамлаи як мард бо корд дар назди истгоҳи роҳи оҳани Екатеринбург, се нафар кушта шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Свердловск.
«Имрӯз, шӯъбаи тафтишоти ноҳияи Железнодорожныйи Екатеринбурги Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Свердловск иттилоъ гирифт, ки дар боғи назди истгоҳи роҳи оҳани Екатеринбург муноқиша бар асоси нӯшидани машрубот рух додааст, ки дар натиҷаи он, тибқи маълумоти пешакӣ, се нафар кушта шуданд «, — гуфта мешавад дар хабар.
Тибқи иттилои ВКД минтақавӣ, ҳамлагар аллакай боздошт шудааст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҳангоми боздошт маъмурони пулис оташ кушодаанд, хабар медиҳад Ura.ru.
Сокинони ин минтақа гуфтаанд, ки ҳоло майдонро муҳосира кардаанд, даҳҳо маъмури амниятӣ дар маҳал кор мекунанд. Ҳамзамон, дар канали Telegram «360» хабар дода мешавад, ки ҳамлагар захмӣ шудааст ва ҳоло дар бемористон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ