Марги 15 нафар аз COVID — 19 дар як шабонарӯз, вазнинҳо бисёранд…

Вазъи 441 бемор вазнин буда, 103 маризи дигар дар ҳолати шадид қарор доранд.

Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта дасти кам 15 нафар аз вируси COVID — 19 фавтиданд.
Вазорати беҳдошт бо нашр намудани омори фавтидагон таъкид дошт, ки миёни онҳо беморони илтиҳоби шуш набуданд.
Тибқи маълумоти Вазорати беҳдошт, то 16 июн, 21 025 нафар табобати сирояти коронавирусро идома медиҳанд, ки аз он 6451 бемор дар беморхонаҳо ва 14 574 нафар беморон дар сатҳи амбулаторӣ тадовӣ мегиранд.
Манбаъ меафзояд, вазъи 441 бемор вазнин буда, 103 маризи дигар дар ҳолати шадид қарор доранд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия дар Қазоқистон 404 064 нафар мубталои коронавирус гардида, 4195 бемор ҷон аз даст доданд.
Зимнан, шабонарӯзи гузашта дасти кам 1068 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар Тоҷикистон ин шабу рӯз расонаҳои дохилӣ ва ҳамзамон худи сокинон аз мавҷуд будани вируси COVID — 19 хабар медиҳад. Вале Вазорати тандурустӣ дар оморҳои ҳаррузаи худ таъкид мекунад, ки ягон ҳолати беморшавии шаҳрвандон ба ин маризӣ сабт нагардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *