Марги 6 нафар бар асари садамаи нақлиётӣ танҳо дар як рӯз

Дафтари матбуоти ВКД аз ҳалокати 6 нафар танҳо дар рӯзи 17-уми июн бар асари садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди кишвар хабар дод. Як нафари онҳо ноболиғ ва ду нафар худи ронандагон будаанд.

Бино ба маълумоти дарёфтшуда, нисфирӯзии 17-уми июн Мубинҷон Акошехов ном сокини шаҳри Хуҷанд, ки соли таваллудаш 1997 буда, мошини «Тайота Версо»-ро аз самти кӯчаи С. Урунхоҷаеви ноҳияи Б. Ғафуров ба маркази шаҳр мерондааст, аз уҳдаи идораи мошинаш баромада натавониста, дучархарони ноболиғ Исроилбек Шодмонови 16-соларо пахш кардааст. Бар асари ин ҳодиса ноболиғ ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, боз ҳам дар ҳамин рӯзу соат ронандаи мошини «Лексус-СХ470» Муқимҷон Ниёззода, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С. Бойматови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи мошин набаромада, дучархарон Давлатмаҳмад Азаматови 56-соларо пахш намудааст. Пас аз ин  Д. Азаматов бо бардоштани ҷароҳат даргузаштааст.

Боз ҳам дар ҳамин рӯз Набиҷон Содиқов, ки соли 1966 таваллуд шуда, сокини шаҳри Кӯлоб будааст, бо мошини “Сузуки Свифт”-аш дар роҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди деҳоти И. Шарифи ноҳияи Данғара ба самти муқобили ҳаракат баромада, мошинеро чаппа кардааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса худи номбурда бо мусофираш Парвизҷон Урозов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Бегоҳии ҳамин рӯз Одинамаҳмад Шафизода, соли таваллудаш 2000-ум, сокини ноҳияи Мастчоҳ, дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» бо мошини «Опел-Зефира»-аш ба мошини «Дэу Нексия»-и Шоҳмурод Наврӯзов бархӯрдааст. Дар натиҷа ҳарду ронанда дар ҷойи ҳодиса ҷон додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *