ғарқшавӣ

Марги 6 ноболиғ дар кишвар бар асари ғарқшавӣ

Кумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар ду рӯзи гузашта аз ҳалокати 6 ноболиғ, аз ҷумла ду бародар дар Восеъ, як ноболиғ дар Ховалинг, як писарча дар Хуҷанд ва як бародару хоҳар дар Рӯдакӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ду бародари ноболиғ, сокинони кӯчаи С. Садирови ноҳияи Восеъ, ки яке 13 ва дигаре 11 сол дошт, дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Ин ду бародар ҳангоми оббозӣ дар ҳудуди ҷамоати Ҳулбук, маҳаллаи Сино ғарқ шудаанд.

«Имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти минтақаи Кӯлоб соати 14:00 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои ҷустуҷӯиро оғоз намуданд. Соати 17:00 дақиқа ҷасади яке аз ин ду бародарон пайдо ва ба волидайнаш супурда шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади дуюм то торикӣ идома карда, вале бенатиҷа анҷом ёфт. Танҳо рӯзи 4-уми июн ҷасади навраси дуюм ҳам пайдо карда ва ба соҳибонаш супурда шуд»,- омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки як писари ноболиғи дигар, истиқоматкунандаи деҳаи Тутаки деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ҳангоми оббозӣ дар обанбор ғарқ шудааст. Номбурда  ҳамагӣ 13 сол дошта, ҷасади ӯро соати 13:30 дақиқаи рӯзи 3-юми май пайдо карда ва ба волидайнаш супурдаанд. Сабаби марги ноболиғ оббозӣ дар макони мамнуъ ва беназоратии волидайн гуфта шудааст.

Манбаъ боз ҳам хабар медиҳад, ки як сокини 14-солаи кӯчаи Ҳамзаалиеви шаҳри Хуҷанд нисфирӯзии 3-юми май ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ шудааст.

Тибқи иттилои мазкур имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Суғд соати 14:50 дақиқа ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, соати 15:20 дақиқа ҷасади ноболиғро пайдо карда ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд. Сабаби марги ӯ маълум нест.

Манбаъ боз аз як фоҷеаи дигар, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст, гузориш дод. Як духтарчаи 7-сола, сокини деҳаи Навбунёд-5, деҳоти Чоргултеппаи ноҳия, ки мехост бародари ғарқшудаашро наҷот диҳад, ба дохили канал даромада, баъд ба қубури обгузари андозаи 1,5 м³ медарояд ва нопадид мешавад. Ҷасади бародарашро сокинони деҳа ёфта, ба волидайнаш супурдаанд.

Соати 18:38 дақиқа имдодгарони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтукову наҷотдиҳӣ ба ҷойи ҳодиса омада, то соати 20:30 дақиқа корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд, вале мутаассифона ҷасадро пайдо карда наметавонанд. Танҳо рӯзи дигар ҷустуҷӯро идома дода, ниҳоят ҷасади духтарча пайдо карда ва ба падару модараш супурда мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки аз аввали сол дар обҳои кишвар 47 нафар ғарқ шудаанд, ки 26 нафари онҳоро то 16-солаҳо ташкил медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *