Марги 6-тан дар натиҷаи болоравии нархи бензин

Дар Мехико, пойтахти Мексика, садҳо норозӣ алайҳи болоравии қимати бензин ва маводи дигари сӯзишворӣ боздошт шудаанд. Расонаҳо мегӯянд, ки дар шаҳр якбора беназмӣ, ҳолатҳои дуздӣ ва ғорат низ афзудааст. Тазоҳуроти сокинон аз чанд рӯз ба ин тараф идома дошт ва дар пайи болоравии нархи бензин якбора шиддат гирифт. Аз моҳи январи соли ҷорӣ, дар маҷмӯъ, нархи сӯзишворӣ дар Мексика то 20 дарсад боло рафтааст. Норозиён мегӯянд, ҳамин тавр, аз афзоиши таваррум ва эътимоди ками мардум ба раиси ҷумҳури кунунӣ Пеня Нето сахт нигаронанд. Рӯзи шанбе тазоҳурот ба беназмӣ печид ва дар пайи он 6 нафар кушта шуданд. Раҳбари Мексика аз шаҳрвандон хост, ба тазоҳурот хотима диҳанд ва фаҳмонд, ки боло бурдани нарх барои наҷоти иқтисоди кишварашон зарур аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *