Марги боз се ноболиғ бар асари ғарқшавӣ
Дар шабонарӯзи гузашта се ноболиғ, ки ду нафарашон хурдсол будаанд, дар обҳои кишвар ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти КҲФ хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, бо сабаби беназорат гузоштани волидайн як сокини ҳафтсолаи шаҳри Панҷакент дар канали Тӯқсанкорез ғарқ шудааст. Фоҷиа бегоҳии 15-уми июн рух дода, пас аз чанде ҷасади кӯдакро сокинони маҳаллӣ пайдо кардаву ба мақомоти дахлдор супурдаанд.
Инчунин хабар дода мешавад, ки дирӯз як сокини 10-солаи деҳаи Лолазори ноҳияи Данғара ҳангоми оббозӣ дар канали “Оби Тоҳир” ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Ба ҷустуҷӯи ҷасади номбурда имдодгарони КҲФ дар минтақаи Кӯлоб сафарбар шуда, ғаввосон ҷасади писаракро пайдо кардаву ба волидайнаш супурдаанд.
Ҳодисаи дигар низ дар қаламрави вилояти Хатлон рух додааст. Боз ҳам зуҳри рӯзи гузашта як сокини 18-солаи деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ёвон ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуи канали байни деҳаҳо ғарқ шудааст. Ҷасади ӯро низ ҳамдеҳагонаш пайдо карда, ба волидайнаш супоридаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, аз аввали сол то 16-уми июн дар обҳои кишвар 62 нафар ғарқ шудаанд, ки 35 нафарашон кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ