Марги дарахт

Каримов  бонги хатар мезанад                                    

Соли 2016 дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 200 ҳолати буриши ғайриқонунии дарахтон ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Темурҷон Нӯъмонзода, ҳолати ғайриқонунӣ буридан ва ё решакан кардани дарахтон бештар дар ноҳияҳои Ашт, Деваштич ва Шаҳристон ба қайд гирифта шудааст.

 Абдурасул Каримов, сардори шуъбаи ҳифзи олами набобат ва ҳайвоноти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки имрӯз шумораи афроди ғамхору дилсӯзи табиат кам шуда истодааст. Аммо баръакс нафароне, ки бераҳмона даст ба дарахтбурӣ зада, дарахти сабзро ба хокистар табдил медиҳанд, зиёд шудаанд:

-Ҳастанд ҳолатҳои шаҳрвандон аз нодонӣ ё заруриятҳои иҷтимоӣ даст ба буридани дарахтон мезананд. Онҳое, ки даст ба нобуд кардани дарахтони сабз мезананд, маъмулан аз он шиква мекунанд, ки барои захираи ангишт дар зимистон ва ё василаҳои дигари гармидиҳии манзил ва таҳияи ғизо, мисли ҳезум ё таппак маблағи кофӣ надоранд. Сокинони деҳот аз он ҳам шикоят мекунанд, ки дар сурати таъмини манзилашон бо барқ, фурсати гарм кардани манзил ва таҳияи ғизои гарм бо оташдони барқӣ кифоят намекунад ва ҳам қимати барқ барояшон гарон мешавад. Вақте ки аз ҷониби кормандони ҳифзи муҳити зист дасгир мешаванд, баҳона пеш меоранд, ки онҳо намедонистанд, ки пеш аз дарахтро буридан ба кормандони ҳифзи муҳити зист муроҷиат карда, иҷозат гирифтан даркор аст. Аммо надонистани қонун касро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

-Ба хотири ҷилавгирӣ аз раванди нобудшавии дарахтҳо Раёсат амалиёти махсусро бо номи рамзии “Ҳезум” ба роҳ мондааст. Дар ҷараёни ин амалиёт масъулин аз роҳи ҷаримаву таҳияи парвандаҳои маъмурӣ талош мекунанд дарахтонро аз нобудсозӣ эмин дорад,-мегӯяд Каримов.

Меъёрҳои ҳисоб кардани товони зарар дар дарахтбурӣ

 

Синну соли дарахту буттаҳо Меъёри товони зарар (ҳазор сомонӣ)
1 Барои ҳар як дарахти зарардидаи то 5-сола  2
2 6-10 сола 3
3 Аз 10 боло 4
4 Барои ҳар як буттаи зарардида 1

Меъёрҳои ҷуброни товони зарар ба фонди ҷангал дар натиҷаи ҷамъоварии худсаронаи  маҳсулоти худрӯйи ҷангал (чормағз, писта ва бодом) расидашуда аз рӯи маҳсулоти хушк ба ҳисоб гирифта мешавад

 

Намуди меваҳои худрӯй Меъёри ҷуброни товони зарар (ҳазор сомонӣ)
1 Чормағз 1,0
2 Писта 1,5
3 Бодом (талхдона) 1,0
4 Дӯлона 0,5
5 Санҷид 0,5
6 Хуч 1,0
7 Челон 1,0
8 Ангат 1,0
9 Тут 0,5
10 Анор 0,5
11 Хурмо 0,5
12 Биҳӣ 0,3
13 Себ 0,5
14 Мурут(ҳамаи намудҳояш) 0,5
15 Олуча ва олуболу 0,5
16 Зардолу 1,0
17 Ангур 0,5
18 Яхма 0,
19 Бодом (шириндона) 1,5
20 Дигар намуди меваҷоти худрӯй 0,5

                         Мутахассисони соҳаи экологӣ чӣ мегӯянд?

Имрӯз яке аз масъалаи муҳими экологӣ буридани ғайриқонунии дарахт мебошад. Масалан ташкилоти байнамилалии  экологии GIZ  мегӯяд, ки  аз соли 1990 то соли 2016 дар ҷумҳурӣ 17%-и бешабоғҳо несту нобуд шудаанд. Ба гуфтаи мутахассисони  ташкилоти мазкур барои барқарор кардани 0,5 %-и  боғзорҳои нобудшуда  10 сол лозим аст.

Мутахассисони соҳаи экологӣ ба онанд, ки дар ҳолати пешгирӣ накардани буридани ғайриқонунии дарахтон хатари шамоли шадид, нест шудани ҳайвоноти нодир ва вайроншавии таркиби хок (эрозия), селхезӣ ва дигар хатарҳо ба миён меояд. Пас барои пешгирӣ аз ин гуна хатарҳо бояд ҳар фард, ки худ узви ҷудонопазири табиат аст, ғамхори табиат бошад.

                                                                                 Фарзона Муродӣ,

                                                                          вилояти Суғд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *