Марги падару писар дар роҳи Душанбе –Хуҷанд
Ду нафар сокини ноҳияи Файзобод дар натиҷаи садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба ҳалокат расиданд.
Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дод.
“Ронандаи 29-солаи автомобили бензинкаш, сокини ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба нишебии умқаш 30 метр сарозер шудааст ва ронандаву мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, — омадааст дар маълумоти кумитаи мазкур.
Сокинони маҳал ҷасади падару писарро аз нишебӣ бароварда, ба бемористони ноҳиявии Варзоб интиқол додаанд ва аз он ҷо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Кумиати ҳолатҳои фавқулодда дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки бар асари гармшавии ҳаво ва боришот дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма ва сангреза вуҷуд дорад.
Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки аз ҷамъоварии ҳезум, молчаронӣ дар чарогоҳҳо, сафару сайругашт дар мавзеъҳои хатарнок, ки дар онҳо эҳтимолияти фаромадани тарма вуҷуд дорад, худдорӣ кунанд.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар аз вазъи роҳҳо огаҳӣ ёфта, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои минтақаи кӯҳистон ё қитъаҳои хатарноки роҳ масофаи ҳаракат байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ