Марги раиси парлумон аз COVID-19

Ӯ наздики 20 рӯз дар бемористон бистарӣ буд ва зери дастгоҳи нафасгирии сунъӣ  қарор дошт.

Мукар Чолпонбоев, фаъоли ҷамъиятиву сиёсӣ, собиқ раиси парлумони Қирғизистон  24-уми май аз  бемории  сироятии коронавирус фавтид.

Тавре ки расонаҳои Қирғизистон хабар медиҳанд, Чолпонбоев  5-уми май дар бемористон бистарӣ шуда буд. 12-уми май ба шуъбаи эҳё интиқол ёфта, дар зери дастгоҳи нафасгирии сунъӣ қарор дошт.

«Баъди мубталошавӣ ба вируси коронавирус вазъи сиҳатиаш бадтар шуд ва ба илтиҳоби дутарафа гирифтор ва ҳамзамон нафасгириаш душвор гардид. Вай ҳамчунин дарди қалб, гурда ва дигар бемориҳо дошт», — хабар додааст ситоди фаврии Қирғизистон.

Мукар Чолпонбоев 70 сол дошт. Ӯ  дар солҳои 1995-96 раиси парлумони Қирғизистон буд. Гуфта мешавад, ки Мукар Чолпонбоев 15-умин қурбонии COVID-19 дар Қирғизистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *