ғарқшавӣ

Марги як марду як писарак дар обҳои кишвар

Дафтари матбуоти КҲФ рӯзи 9-уми июн ду ҳодисаи маргро дар обҳои кишвар, яке дар Муъминободу дигаре дар ноҳияи Б. Ғафуров ба қайд гирифтааст.

Хабар дода мешавад, ки шаби 9-уми июн як сокини 31-солаи деҳаи Тутойи ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Муъминобод бо сабабҳои номаълум дар оби дарёи Сурхоб, ки аз ҳудуди деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ мегузарад, ғарқ шудааст. 

Пас аз дарёфти хабар наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса рафта, баъди ҷустуҷӯи зиёд ҷасади марди ғарқшударо пайдо кардаву ба хешовандонаш супурдаанд.

Инчунин, ҳодисаи ба ҳамин монанд пас аз зуҳри рӯзи 9-уми июн дар шимоли кишвар рух додааст. Як ноболиғи 10-солаи деҳаи Оламтоби ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б. Ғафуров ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи сунъии деҳа ғарқ гардида, ба ҳалокат расидааст.

Имдодгарони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасади писараки ғарқшударо аз қаъри ҳавз пайдо кардаву ба волидайнаш супурдаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *