Маърифати исломӣ: Бе тоқӣ намоз хонам?

Ман пӯшидани тоқиро хуш надорам. Намозро бо сари луч хонам, ҷоиз аст? ЗАФАР, ноҳияи Файзобод Посух: — Тибқи мазҳаби имом Ҳанифа сари луч хондани намоз кароҳият дорад, аммо ягон узр бошад ё ҷиҳати хушуъ ва хоксорӣ дар боргоҳи парвардигор, бо сари бараҳна намоз хондан макруҳ нест.