кал

Маърифати исломӣ: Мӯйсаршинонӣ ҷоиз аст?

Феълан амалиёти мӯйисаршинонӣ дар ҳама ҷои ҷаҳон рушд кардааст ва одамони кал аз он истифода мекунанд. Оё анҷом додани амалиёти мӯйсаршинонӣ бароям ҷоиз аст? Бояд қайд кард, ки ман тоссар мебошам.

САРБОЗ, шаҳри Душанбе

Посух:

— Мӯйсаршинонӣ иборат аст аз кӯчонидани решаҳои мӯй аз як минтақаи сари инсон ба минтақаи дигари он. Ҳукми он раво аст, зеро ин як навъ бартарафсозии айб аст, на тағйир додани офариниши Аллоҳ таъоло.

Аз Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (р) пурсиданд: “Мӯйсаршинонӣ барои касе, ки кал шудааст, анҷом дода мешавад. Аз пушти сар мӯй мегиранду онро дар ҷои бемӯй кишт мекунанд. Оё ин ҷоиз аст?”. Чунин посух дод: “Бале, ҷоиз аст, чунки ин кор аз навъи баргардонидани он чизест, ки Аллоҳ таъоло офаридааст. Ин кор ба манзалаи бартараф кардани айб аст ва аз навъи ороиш ва ё изофа кардан бар офариниши Аллоҳ таъоло ба ҳисоб намеравад. Ин кор аз боби тағйир додани офариниши Аллоҳ таъоло намебошад, балки бартарафсозии нуқсон ва айбу камбудӣ мебошад. Қиссаи се нафаре пӯшида нест, ки яке аз онон кал буд ва гуфт, ӯ дӯст медорад, ки Аллоҳ таъоло мӯяшро ба ӯ баргардонад. Он гоҳ фаришта дасти худро бар ӯ молид. Аллоҳ таъоло мӯяшро ба ӯ бозгардонд ва ба ӯ мӯи зебо дода шуд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *