Маърифати исломӣ: Зан имом шавад, ҷоиз аст?

Дар ҳолате, ки намозгузорон ҳама зан бошанд, оё зан метавонад имом бошад? Агар мумкин бошад, намозгузорон ба зани пешдаро чӣ тавр иқтидо мекунанд? ФАРИЗА, ноҳияи Вахш Посух: — Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ ҷамоати занон макруҳ аст. Агар занон намози ҷамоат барпо карданд, имомашон, яъне зани пешдаро дар миёнашон дар сафи аввал меистад.