Марказҳои компютерӣ баста шуданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолияти баъзе аз марказҳои бозии компютериро дар шаҳри Душанбе қатъ кардааст. 

Кормандони милиса фаъолияти марказҳои бозиҳои компютериеро, ки бидуни ҳуҷҷатҳои барасмиятдарорӣ дар кӯчаҳои Буни Ҳисорак, Навоӣ, Ғуломов, Зарафшон ва Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино ба роҳ монда шуд, қатъ намуданд.
Дар натиҷаи ин чорабинӣ 43 нафар барои шабона машғул шудан ба бозиҳои зӯроваронаи компютерӣ ба идораи милиса  оварда шуданд, ки 27 нафари онҳо ноболиғон мебошанд: “Нисбати 21 нафар волидони ноболиғони дастгиршуда протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Ҳамчунин, дар ҳузури волидон бо фарзандони дастгиршудаашон корҳои профилактикӣ гузаронида, ба онҳо талаботи қонуни мазкур фаҳмонида шуд”.
Президенти  Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону масъулини пойтахт Вазорати маориф ва илмро муваззаф кард, ки якҷо бо мақомоти дигар барои коҳиш додани шумораи беҳудагардон ва ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот тадбирҳои самаранок андешанд: “Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки воридшавии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва умуман, наврасони то синни 14 — соларо баъд аз соати шаши бегоҳӣ ба интернет – кафеҳо манъ намоянд. Ҳамзамон бо ин, мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки дар хусуси ба Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ворид намудани ҷавобгарӣ нисбат ба падару модароне, ки фарзандони худро беназорат мегузоранд, чораҷӯӣ намоянд”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *