Таъмири куллии Маркази ҷумҳуриявии ғизо анҷом ёфт
Ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ғизо ва пешгирии бемориҳои вобаста ба он Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд, махсусан Барномаи тандурустии ҷамъиятии ҳамкории байналмилалии Олмон аз таъмири куллӣ бароварда ва ба истифода дода шуд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоль, дар маросими ба истифода додани маркази мазкур, ки дар “Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ” ҷойгир мебошад, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳо, шарикони рушд, роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намудаанд.
Тавре иттилоъ дода мешавад, марказ аз ҳуҷраҳои корӣ, таълимӣ ва озмоишгоҳ иборат мебошад, ки дар онҳо тамоми шароит ва имконоти мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.
Гуфта мешавад, ки соли равон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардидани 2 ҳуҷҷати муҳими стратегӣ вабаста ба ғизо — “Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии вазъи ғизои аҳолӣ барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи пешгирии норасоии микронутриенҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи мазкур таҳти таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ