Эй вой дилам, вой дилам, оҳ, Руфейда: дар сӯги Руфейда (аудио)
Шоири шинохта Исмоил Зарифӣ ва рӯзноманигор Афшин Муқим дар суги Руфейда Иноятоваи 8-сола, ки пас аз нопадид шудан дирӯз волидонаш хабар доданд, ки ҷасадашро ёфтанд, шеър навишанд, ки мо ин ҷо ҳам шакли аудиоӣ ва ҳам хаттияшонро пешкаш мекунем.
Ёдовар мешавем, ки дар бораи нопадид шудани як духтарак дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамагӣ як рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон нашр шуд. Аммо, имрӯз, мутаассифона, пайвандони Руфейда Иноятова хабар доданд, ки духтаракро мурда пайдо карданд.
Исмоил зарифӣ:
Ба ёди духтараки ҳашсолае, ки ҳамсояи қотилаш баъди таҷовузи ӯ ҷисмашро пора-пора карда ба мабраз андохт
Аз марги ту шуд синаи ман чок, Руфейда,
Бурдӣ алами хеш ту бар хок, Руфейда.
Эй вой дилам, вой дилам, оҳ, Руфейда.
Он золими маккор, Худо рӯз набинад,
Дасти касифи ӯ нашавад пок, Руфейда.
Эй вой дилам, вой дилам, оҳ, Руфейда.
Фарёду фиғонат ба дилаш раҳм наовард,
Истора шудӣ, рафтӣ ба афлок, Руфейда.
Эй вой дилам, вой дилам, оҳ, Руфейда.
Дар мотами ту гиря кунад аршу малак ҳам,
Танҳо туию ҷоҳили саффок, Руфейда.
Эй вой дилам, вой дилам, оҳ, Руфейда.
Дар мотами ту синаи олам шуда садчок,
Дар ёди ту қалбам шуда садчок, Руфейда.
Эй вой дилам, вой дилам, оҳ, Руфейда.
Афшин Муқим:
БА ГУЛДУХТАРИ ҒӮРАМАРГИ ҲАР ЯКИ МО РУФЕЙДА
Гулғунчаи нашкуфта шуда хор, Руфейда,
Қурбонии ҳамсояи беор, Руфейда.
Худ дар аҷабӣ? бо дили чун оина софӣ,
Муҳтоҷи тараҳҳум шуда ингор, Руфейда?!
Фарёд задӣ?, нолаю шеван бикашидӣ?,
Нашнид туро, ҷуз дару девор, Руфейда?
Духти гули ман, ҳамраҳи он ҷисми наҳифат,
Садпора шавад ҳар дили бедор, Руфейда.
Оне, ки чунин ҷабри азим бар ту раво дид,
Бо духтари худ карда чунин кор, Руфейда…
Иблис ба ҳайрат шуда з-он ҷабр, ки дидӣ,
Инсон шуда бас ин ҳама маккор, Руфейда!
Тақдири Худо… боз қазову қадар… аммо,
Қотил бишавад кош сари дор, Руфейда.
Бар ҳар яки мо гӯй, ба он шарт бихобӣ,
Дигар нашавад ҳодиса такрор, Руфейда.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ