Ин лаҳза ҳангоми видоъ бо ОЛИМ ва ОДАМ- и бузург лаҳзае пеши назарам меояд, ки соле қабл сурат гирифта буд. Ӯ дар риштаи физика узви вобастаи АИ ҶТ интихоб гардид. Барои табрик ба маҳаллаи 65-ум, хонаашон омадам. Тошбой Бобоевро дар кунҷи хона, хастаю парешон дидам. Пас аз суҳбати кӯтоҳе аз ину он  пурсидам, ки чаро афсурдахотир ҳастед.

Он кас ғарқи андеша шуданд ва гуфтанд:

— Ин унвон ба касоне дода мешавад, ки на танҳо нақш дар илм доранд, балки минбаъд низ нақш дошта бошанд, мутолиа кунанд, донишашонро такмил диҳанд, кадрҳоеро тарбия кунанд, ки фардо ифтихори кишварамон гарданд.

— Шумо чунин ҳастед, -дубора рӯй овардам ба он кас.

Ман ин лаҳза дарёфтам, ки нигоҳи олим гӯё ба ман, вале аз паҳлуи ман ба ҷониби дар нигаронида шуда буд. Нигоҳе, ки пур аз яъс буд.

— Чӣ гуна, чуноне ки ту мегӯӣ, буда метавонам, замоне ки дигар хондан, навиштан, корҳои лабораторӣ гузаронидан ғайриимкон гаштааст. Дар чунин ҳолат аз рӯи инсоф нест, ки соҳибунвон шавию дар илм нақше надошта бошӣ. Манзалати ҳар кас пеши худаш.

Қазия чунин буд. Профессор Тошбой Бобоев баъд аз ҷарроҳии дил дар беморхонаи “Медгородок” як чашмашон аз дидан бозмонд, чашми дигарашон хира гашта буд. Духтурон китоб хондан ва навиштанро манъ карданд. Ин тавсия барои ӯ маънии зиндагиро аз байн бурда буд.

 Ман ҳолати эшонро дарк кардам. Он кас ба зиндагӣ, ба илм бо чашми хирад менигаранд, на ба он чашм, ки дигарон менигаранд.

Хуршед, писари бузургашон ба гусели ман баромад.

— Зиқ мешаванд, -гуфт ӯ. — Фурсатро ғанимат мешуморанд, шифоҳӣ фикрашонро баён мекунанд, набераҳояшон рӯи қоғаз меоранд. Бо ҳамин роҳ болои китоби дарсии “Механика”, ки барои донишҷӯёни макотиби олӣ пешбинӣ шудааст, кор мекунанд.

Аз ин миён як сол гузашт. Новобаста ба тавсияи духтурон Тошбой Бобоев сари як чашм фишор оварданд ва ба хондану навиштан пардохтанд. Ҳар кор аз кардан аст. Он кас дар ин муддат ду китоби дарсӣ ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ навиштанд ва дар маҷаллаҳои илмӣ чоп карданд. Ду моҳ қабл дар маҷаллаи илмии “Физикаи полимерҳо” (Москва) мақолаи илмиеро ба нашр расониданд, ки бозёфти бузурге дар илми физика буд. Он қонуният дар рафтори таъсири фотохимикӣ ба хосияти физикию химиявии полимерҳо буд. Мақоларо дар маҷаллаҳои илмии кишварҳои Аврупо ва Амрико фавран бознашр карданд. Ҷои зикр аст, ки  ӯро борҳо, ибтидо барои хондани лексия, баъдан барои кор ба Амрико даъват мекунанд. Аммо ин пешниҳодро рад мекунанд. Боре дар суҳбаташ бо рӯзноманигоре изҳор карда буданд:” Намехоҳам, ки илмро мусофир кунам. Дар ҳамин ҷо, агар заррае барои пешрафти илм хизмат кунам ва  дар ҳалқаи дўстону ҳамкорон ва фарзандону наберагон   бошам, худро хушбахт меҳисобам. Хушбахтӣ он аст, ки ба ту дар Ватанат ниёз дошта бошанд. Ҳис мекунам, ки  дар Тоҷикистони азизам ба ман ниёз ҳаст…”.

Тошбой Бобоев рафтан ба Амрикоро рад мекунанд. Ғоибона он касро узви ҳақиқии АИ шаҳри Ню — Йорк интихоб мекунанд.

Соҳае, ки Тошбой Бобоевич 60 соли умри худро сарф карданд (полимерҳо), шояд барои хонандаи одӣ чандон фаҳмо набошад. Аммо дар илм он нақши бузург дорад. Мавсуф ҳанӯз солҳои ҳафтоди асри гузашта дар таҷриба исбот намуданд, ки ҳангоми тағйир додани сохтори физикӣ суръати раванди фотовайроншавии полимерҳоро суст кардан мумкин аст. Ин натиҷа имкон дод, ки тарзи дигари баланд бардоштани устувории полимерҳоро дар шароити фотомеханикӣ пешниҳод гардад, ки он аз нуқтаи назари экологӣ хеле тоза буда ва дар амалиёти технологӣ истифода бурдан мумкин аст.

Тошбой Бобоев ҳамзамон ба тадқиқоте машғул буданд, ки бо соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ бевосита тааллуқ доранд. Дар асоси ин гуна тадқиқотҳо соҳиби  ҳашт шаҳодатномаи муаллифӣ гаштаанд. Масалан, дар аввали солҳои 70-уми асри ХХ барои сохтмони метрои шаҳри Тифлис бо мақсади аз сулфид ҳимоя кардани ҷойҳои кафшершудаи конструксияҳои металлӣ озмун эълон шуда буд. Тошбой Бобоев (бо шогирдонашон) дар он иштирок намуда, ғолиб гардиданд. Мавсуф дар натиҷаи тадқиқот технологияи хамири сангиеро пешниҳод намуданд, ки ин модда ба таъсири сулфид хеле тобовар буда, металлҳоро бо ҳам устувор мепайвандад. Ин тадқиқот пазируфта ва мавриди истифода қарор гирифт.

Хамири сангиро дар қатори сохтмони метрои шаҳри Тифлис, инчунин дар сохтмони нефтопроводи Тюмен ҳамчун қабати муҳофизатии қубурҳои металлӣ васеъ истифода бурданд.

 Тошбой Бобоев ва шогирдонашон имконияти бо нахҳои ғайриорганикӣ иваз кардани арматурҳои металлиро таҳқиқ намуданд. Ин тадқиқот нишон дод, ки дар асоси истифодаи нахҳои базалтӣ қубурҳои арматурие сохтан мумкин аст, ки хеле мустаҳкам мебошанд ва онҳоро дар конструксияҳои бетонӣ метавон истифода намуд. Аз ин гуна дастовардҳои Тошбой Бобоев ва гурӯҳи илмии он кас метавон мисолҳои зиёде овард, ки аҳамияти бузурги илмию амалӣ доранд.

Маҳаки асосии тадқиқоти илмии профессор Тошбой Бобоевро асосан мафҳуми физикии вайроншавии фотомеханикии полимерҳо ташкил медиҳанд, ки  он сабаби  асосгузори ин равияи нави физика шуданашон гаштааст. Тавре ки худи олим дар суҳбате бо хабарнигорон гуфтаанд,  ҳанўз аз соли 1965 таҳти роҳбарии  профессор В.Р. Регел сари ин мавзўъ кор мекарданд. Ин тадқиқотҳо ба он оварда расонд, ки дар озмоишгоҳи илмии физикаи мустаҳкамии полимерҳо гурўҳи худро ташкил намуд. Яке аз кашфиётҳои ин гурўҳ, ки дар маркази Тошбой Бобоев қарор доштанд,  пайдо намудани полимере буд, ки дар вақти соиш бо қабатҳои ғафси атмосфера ва гармии аз ҳад зиёд  тобоваранд. Бо супориши Ҳукумати СССР ҳамонвақта ин гурўҳ дар Маскав барои киштии аввалини кайҳонии баргардандаи Иттиҳоди Шўравӣ — «Буран» рўйкаши қисми пеши онро тайёр намуд ва киштӣ бо он ба кайҳон парвоз намуд. Вақте  ки «Буран» ба замин  баргашт, диданд, ки дар вақти бархўрд бо атмосфераи замин асосан танҳо ҳамин рўйкаши кашфнамудаи гурўҳи Бобоев хисорот надидааст.

Дастовардҳои олим чун китобҳояшон бешуморанд.Таҳти роҳбарии он кас даҳҳо олимон рисолаи номзадӣ ва докториро ҳимоя кардаанд. 

 Тошбой Бобоев рисолаҳои номзадӣ ва докториро дар риштаи физика таҳти сарварии Регел Вадим Робертович дар Институти физикаи кимиёии АИ СССР ҳимоя кардааст. Тӯли беш  30 соли охир мудири кафедраи физикаи умумии ДМТ, раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар соҳаи физика дар назди ВАК-и Русия (ҳоло мустақил), муаллифи 34 монография, 32 китоби таълимӣ,  150 мақолаҳои илмӣ ба забонҳои англисӣ ва русӣ мебошанд, ки  дар маҷаллаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба дасти чоп расида,  соҳиби шаҳодатномаи 10 ихтироъ мебошад.

Тошбой Бобоевро ҳеҷ чиз натавонист аз роҳи илм боздорад, ҷуз ин вабои аср Covid – 19, ки ӯро аз сари мизи корӣ ба бистари беморӣ афканд ва аз байни мо рабуд. Тавре шогирдонашон мегӯянд, он кас марвориде буданд, дар баҳри илм, ки Covid – 19 шикаст.

Рӯҳатон шоду манзили охирататон обод бошад, дӯст ва устоди азиз, Тошбой Бобоев!

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *